15:33 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Маруф Мухаммадзода

Ба раиси шаҳри Хуҷанд вазифаи нав доданд

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2906 0 0

Бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи вилояти Суғд раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik.  Маъруф Муҳаммадзода, раиси шаҳри Хуҷанд раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд.

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран дар бинои Мақомоти шаҳри Хуҷанд конфронси интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

 “Бо гузаронидани муқаррароти кори конфронс иштирокдорони он нахуст комиссияи кори конфронс ва баъдан Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва муовинони онро интихоб намуданд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Тавре манбаъ қайд намудааст, бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Федератсияи футболи вилояти Суғд ба вазифаи Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд пешниҳод гардид.

“Бо райъдиҳии пурраи иштирокдорони конфронс Маъруф Муҳаммадзода Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб гардид, ҳамзамон ба вазифаи муовини аввали Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Ҷумъабой Каримов ва ба маснади муовини Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Равшан Юсуфҷонов пешниҳод ва якдилона бо аксари овозҳо номзадон дастгирӣ карда шуданд”, - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамин тавр, дар конфронси интихоботии Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд, Ҷумъабой Каримов муовини аввали Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ва Равшан Юсуфҷонов муовини Раиси Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд интихоб гардиданд.

Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, зимни суханрониаш изҳор доштааст, ки бо дастгирии мураббиёни соҳа ва бо ташкили тимҳои маҳаллӣ ба рушди минбаъдаи Федератсияи футболи шаҳри Хуҷанд ҳиссагузорӣ хоҳанд намуд.

Барчаспҳо:
вазифаи нав, вазифа, Хуҷанд, Суғд, Футбол, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ