01:42 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Новые цеха производства полипропиленовых мешков на заводе в Яване

Давоми даҳ моҳ дар вилояти Хатлон 73 корхонаю коргоҳ таъсис ёфт

Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
48 0 0

Тибқи маълумоти мақомоти вилояти Хатлон дар ҳудуди вилоят дар даҳ моҳи соли равон 73 корхонаю коргоҳ бо 765 ҷойи кори нав таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон соҳибкорони вилояти Хатлон бо истифода аз сабукиҳо ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар дар тӯли даҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 437,7 миллион сомонӣ 93 лоиҳаи қарзӣ таҳия ва барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон” пешниҳод карданд.

Выставка изделий с национальной вышивкой
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тибқи иттилои манбаъ, аз аввали фаъолияти муассиса то кунун 69 лоиҳаи соҳибкорони хатлонӣ ба маблағи 89,9 миллион сомонӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст.

Ҳамчунин манбаъ қайд намудааст, ки саноатчиёни вилоят дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани фаъолият тавонистанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6 миллиарду 687,6 миллион сомонӣ расонанд, ки ин нисбат ба давраи ҳамин давраи соли гузашта 710,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷараёни афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи нафт ва гази табиӣ, ҳар гуна канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи ғизоӣ, нӯшокиҳои ташнашикан ва спиртӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, кимиёӣ, резинӣ, пластмассӣ, ғайрифилизии маъданӣ, мебел, неруи барқ, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин ва чанд намунаи дигар мутаносибан аз 101 то 158 дарсади нақша иҷро шуданд.   

Ҳоло дар вилоят 90 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад, ки ин ҳам яке аз муваффақиятҳои вилоят дар айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон ҳамзамон қайд намудааст, ки бо мақсади таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон бунёди 103 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 73 корхонаю коргоҳ бо таъсиси 765 ҷойи кори нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Барчаспҳо:
таъсис, коргоҳ, корхона, мақомот, Хатлон

Мавзӯъҳои асосӣ