Дар Бритониё намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

CC0 / Pixabay / Молодежь
Молодежь - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” аз санаи 20 ноябри соли 2019 ба фаъолияти хеш оғоз намуд

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Бино бар иттилои, дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Британияи ва Ирландияи Шимолӣ намояндагии маҳфил дар Британияи Кабир таъсис дода шуда.

Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи кор бо ҷавонон мутахассис меҷӯяд: маош аз 768 то 936 сомонӣ

Тавре манбаъ қайд намудааст, минбаъд роҳбари намояндагии маҳфил дар назди намояндагии дипломатии Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард.

Аз ҷониби Кумитаи роҳбари намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” дар Британияи Саҳобиддин Садриддинзода таъин шудааст.

Минбаъд барои амалигардонии ҳадафҳои маҳфили мазкур дар Британия дар якҷоягӣ бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Британияи фаъолият менамояд.

Маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” бо мақсади дӯсту муттаҳидгардонӣ, баррасиву мушкилоти донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилдошта ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон таъсис дода, то имрӯз намояндагии маҳфил дар 16 киҳвари дунё фаъолият намуда истодаанд.

Манбаъ зикр намудааст, ки дар хориҷи кишвар пайваста бо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар, диаспораҳои муқими давлатҳои хориҷа, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ҳамкории зич дошта, пайваста чорабиниҳои маълумотию иттилоотӣ, фарҳангию фароғатӣ ва варзиширо доир баргузор мекунад, ки дар он шумораи зиёди ҷавонони тоҷик иштирок менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0