15:48 15 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Пункт по денежным переводам, архивное фото

Бонки миллӣ хабари манъи интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистонро рад кард

© Sputnik / Сергей Пятаков
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
979 0 0

Тибқи хабари баъзе аз расонаҳои хабарӣ бузургтарин ширкатҳо, ки дар Русия ба интиқоли маблағ ба Тоҷикистон маблағ машғул ҳастанд, шартномаи гузариш ба низоми нави ҳисоббаробаркунии БМТ-ро, имзо накарданд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон ба Sputnik хабари манъи интиқоли пул аз қаламрави Русия ба Тоҷикистонро рад кард.

“Мо ҳоло  бо  ширкати "Юнистрим", "CONTACT", "Western Union" шартнома ба имзо расонидаем. Низоми интиқоли пули "CONTACT" аз фардо низ ба кори худ оғоз хоҳад кард. Ҳеҷ мушкилоте пеш нахоҳад омад. Дар ҳоли ҳоҳзир, корҳои техникӣ ба анҷом мерасанд", - гуфт роҳбари дафтари матбуоти БМТ Мавҷуда Ҳасанова.

Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ аз пешниҳоди маълумот дар бораи имзо намудани шартнома аз тарафи бузургтарин ширкатҳои интиқолдиҳандаи маблағ аз Русия ба Тоҷикистон MoneyGram ва "Золотая Корона" худдорӣ кард.

Ёдрас мешавпем, ки  Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки аз 3 декабри соли равон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллӣ ба фаъолият оғоз хоҳад кардменамояд.

“Аз ин рӯ, тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд”, - таъкид кардааст БМТ.

Аммо дар рӯзҳои ахир дар баъзе аз расонаҳо хабаре ба нашр расид, ки тақрибан тамоми ширкатҳои интиқоли маблағ ба низоми нави БМТ  ҳамроҳ нашуданд.

Барчаспҳо:
низоми нав, шартнома, интиқоли пул, Русия, Бонки миллӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ