12:11 16 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.82
  • RUB0.15
Рустам Эмомали на заседании народных депутатов Маджлиса в Душанбе

Қарори нави Рустами Эмомалӣ: санаи ба рӯйхатгирии аҳолии Душанбе маълум шуд

Сайт мэра города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
470 0 0

Дар пойтахти Тоҷикистон аз 1 то 15 октябри соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе, ахиран қарори нави Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба имзо расид.

Начало строительства новой гостиницы в Душанбе GRAND RUDAKI TOWER
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Тибқи қарори мазкур аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.

Тавре мақомоти шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи ин қарор  Сарраёсати Агентии омори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе  вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои  дар муҳлатҳои муайянгардида гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва таҳлили натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар  пойтахт тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

Ҳамчунин муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои  пойтахт муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкил намудан, гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Душанбе  тадбирҳои  зарурӣ андешанд.

Тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019 дар ҷумҳурӣ  барўйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил дар давраи аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад.

Барчаспҳо:
қарор, Душанбе, Рустам Эмомалӣ, "Пойтахт", Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ