01:13 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
День 4 декабря

Ҷашнҳои рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
75 0 0

Имрӯз чоруми декабр, дар Ҳиндустон Рӯзи флоти ҳарбӣ - баҳрӣ ва дар Русия Рӯзи информатика таҷлил карда мешавад

Рӯзи 4 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия ҷадвали баргузории бозиҳои Ҷоми КФО нашр шуда буд.

Соли 1948 Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Шарқи Наздик таъсис дода шуд.

Соли 1961 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия маросими кушодашавии Конгресси байналмилалии иттифоқҳои касаба баргузор гардид, ки он то 15 декабр давом кард.

Соли 1974 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо дар Шри-Ланка зиёда аз 190 нафар ба ҳалокат расиданд.

Следственный комитет РФ
Обгоревший фюзеляж самолета компании "Аэрофлот" Sukhoi Superjet-100 в Шереметьево

Соли 1982 Конститутсияи Чин қабул карда шуд.

Соли 1791 дар Англия аввалин шумораи рӯзномаи  "Мушоҳид" нашр шуд, ки ҳоло дар ҷаҳон куҳантарин рӯзномаи рӯзи якшанбе мебошад.

Рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъятии Тоҷикистон суханронӣ намуда, андешаҳои худро дар бораи вазъи энергетикии мамлакат баён карданд.

Соли 2012 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мастақил ба Туркманистон сафар карданд.

Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона

Соли 2017  Тоҷикистон дар Рейтинги   рушди кишварҳо дар соли 2017, ки аз ҷониби Маркази бритониёии "Институти Legatum" тартиб дода шудааст, мақоми 102-юмро касб намуд.

Соли 2009  дар шаҳри Картахени Колумбия Тоҷикистон ба эъломияи Картахен барои соли 2009 таҳти унвони "Масъулияти давлатҳо барои тоза кардани ҷаҳон аз мина" имзо кард.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе оид ба муҳокимаи ҳисоботи авввалини баҳодиҳии омӯзиши Лоиҳаи минтақавии CASA-1000 вохӯрии машваратӣ баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе машкилоти асторофизикаи муосирро дар сатҳи байналхалқӣ муҳокима намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 4 декабр

  • Дар Ҳиндустон – Рӯзи флоти ҳарбӣ-баҳрӣ.
  • Дар Россия – Рӯзи информатика.

Рӯзи 4 декабр дар Тоҷикистон кӣ таваллуд шуд

Солҳои (1887-1957)  – шоир, яке аз асосгузорони шеъри муосири тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, ки соли 1922 аз Эрон ба СССР муҳоҷират карда буд.

Соли 1896 – Нависандаи барҷастаи Русия, Шоири халқии Тоҷикистон Николай Тихонов таваллуд шудааст.

Соли 1947 - собиқ сарвазири Тоҷикистон Яхё Азимов таваллуд шудааст

Соли 1955 – ҳунарманди театр Гулсара Қодирова таваллуд шудааст.

Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ