20:52 23 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.07
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
846 0 0

Шоми рӯзи 4 декабр раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомоалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри бостонии тоҷикон – Самарқанд боздид кард

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе сафари Рустам Эмомоалӣ, ба шаҳри Самарқанд дар доираи сафари расмии ӯ ба Узбакистон сурат гирифтааст.

Манбаъ қайд намудаст, ки дар фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Рустам Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанберо Ҳокими Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов пешвоз гирифтанд.

  • Рустам Эмомали в Самарканде у могилы Ислама Каримова
    Рустам Эмомали в Самарканде у могилы Ислама Каримова
    © Пресс-служба президента Узбекистана
  • Рустам Эмомали в Самарканде у могилы Ислама Каримова
    Рустам Эмомали в Самарканде у могилы Ислама Каримова
    © Пресс-служба президента Узбекистана
1 / 2
© Пресс-служба президента Узбекистана
Рустам Эмомали в Самарканде у могилы Ислама Каримова

Рустам Эмомалӣ, зимни боздидидаш аз шаҳри Самарқанд, аз ёдгориҳои фарҳангӣ, зиёратгоҳҳо ва маҷмааҳои саноатии Самарқанд дидан кард.

Нахуст ҳайати шаҳри Душанбе ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ва маҷмаа-мақбараи меъмории Имом Бухорӣ ташриф оварда, баъдан бо дигаргуниҳои шаҳр шинос шуда, дар бораи мутафаккирони бузурги сарзамини муқаддаси Самарқанд ва дар бораи саҳми онҳо дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумот гирифтанд.

Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳр зикр намудааст, шоми рӯзи 4 декабр, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Душанбе баргашт.

Барчаспҳо:
Самарқанд, Тошканд, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ