Ҷашнҳои рӯзи 6 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас ЭтвешДень 6 декабря
День 6 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи шашуми декабр дар Финландия Рӯзи истиқлолият, дар Қазоқистон Рӯзи кормандони прокуратура ва дар Озарбойҷон Рӯзи кормандони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ таҷлил мешавад

Рӯзи 6 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1929 дар Туркия ба занон ҳуқуқи овоздиҳӣ дода шуд.

Соли 2017 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Ҷазираҳои Баҳама Баёнияи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ ба имзо расид.

Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Вечерняя Москва» нашр шуд.

Рӯзи 6 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ду бинои Шифохонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сил баъди тармиму навсозии асосӣ ва муҷаҳҳазшавӣ бо навтарин техникаю таҷҳизоти ташхису табобат дубора ба истифода дода шуд.

Соли 2012 дар  беҳтарин минтақаи истироҳату саёҳатии Ҳисор — дараи Алмосӣ Академияи футболи дастаи "Истиқлол" ифтитоҳ ёфт.

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Муассисаи томактабии хусусии"Зебуниссо" — ро ифтитоҳ намуданд.

Соли 2007 дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бизнес-форуми Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид.

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе миёни вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

Соли 2015 дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бинои боҳашамати Маркази муосири солимгардонӣ ва тавонбахшии  «Ҳаёт» ифтитоҳ гардид.

Соли 2017 дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе масоили дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва ЮНЕСКО муҳокима карда шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 6 декабр

  • Дар Финландия- Рӯзи истиқлолият.
  • Дар Қазоқистон – Рӯзи кормандони прокуратура.
  • Дар Озарбойҷон – Рӯзи командони Вазорати алоқа ва технологияҳои иттилоотӣ.
Лентаи хабарҳо
0