10:08 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1083 0 0

Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Танҳо дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона  2+7  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  5-10 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти  ғарб  бо суръати 5-10 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук  ва   рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1+6 ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 1+6  ва рӯзона 15+20  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4-9 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 0+5 то 6+11 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 2+4 ва  рӯзона 17+19 дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ