17:53 17 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
494 0 0

Корбарони шабакаи фейсбук, сокинон аз ноҳияҳои Ашт ва Истиқлоли Суғд аз вазъи роҳҳо таъкид намуда, бо нашри аксҳо гуфтаанд, ки муроҷиати онҳо то ба гӯши масъулин расидааст, вале раванди корҳои роҳсозӣ бо “хокасфалт” ва “бадтар аз пешин” ба анҷом расидааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ҳаётҷони Одил, рӯзноманигори маҳаллӣ ва сокини ноҳияи Ашт дар рӯи саҳфаи худ дар Фейсбук аксҳоеро нашр кардааст, ки ҷараёни кори роҳсозонро дар ин ноҳия дар фасли сармо собит мекунад.

Вале аз ин аксҳои рӯзноманигор дида мешавад, ки масъулин таъмири роҳҳои ҳудуди ноҳияи Аштро бо хок ба анҷом мерасонанд. Бо ин вуҷуд Ҳаётҷони Одил аз ин таваҷҷӯҳи роҳсозон хуш истиқбол намуда ва нигоштааст, ки “пас аз нашри аксҳо чанд руз пеш бобати валангор будани роҳҳои дохилии ноҳияи Ашт масъулини идораи роҳсозии ноҳия дар саргармии коранд”.

Бо супориши Раҳмон таҷдиди роҳи мошингарди маркази ноҳияи Ванҷ ба анҷом расид

Аммо Мирзоҳайдари Умарзод дигар аз рӯзноманигорони суғдӣ бо нашри чанд акс дар саҳфааш дар Фейсбук бо номи “Хостем нашуд” аз камтаваҷҷӯҳии масъулини роҳсоз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нигаронӣ кардааст.

Мирзоҳайдари Умарзод иброз намудааст, ки бо вуҷуди нашри мақола дар рӯзномаи "Ҳақиқати Суғд", ки аз харобиҳои роҳи миёни шаҳри Истиқлол ва шаҳраки Консой мегуяд, масъулини идораи роҳсозӣ корро ба анҷом нарасонида онро барои соли оянда мавқуф гузоштаанд.

"Хостем бонги шодӣ ба фалак дарпечем, ки билохир шикояти мо - шаҳрвандони шаҳри Истиқлол ва шаҳраки Консой ба гӯши роҳсозони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расид, ки баъд аз мақолаи дар "Ҳақиқати Суғд" нашр гардида, камари ҳиммат барои таъмири роҳи Ғафуров - Истиқлол бубастанд ва барқосо шикофӣ ва сӯрохиҳои як қисми роҳ, аз роҳи асосӣ то корхонаи "Ғаюрсемент" аз нав барои "дарбеҳ" намуданд васеъу чуқур карда шуданд ва як қисми роҳро дағалона мумфарш ҳам карданд. Афсӯс нақора бишкасту садо дар гулӯи мо дармонд. Бо боридани барфи аввал, ки ҳамагӣ се рӯз сардӣ оварда буд, роҳсозони "хушкор" асбобу анҷоми худро ҷамъ карда, ғайб заданд ва қисми бештари роҳро дар ҳоли аз пешин бадтар, барои оянда гузоштанд. Шояд ба хотири он бошад, ки дар соли оянда низ барояшон минтақаи корӣ боқи монад ва бекор намонад... Намедонам...Ин асрори корбариро бояд аз мутахассисони роҳсози н. Б. Ғафуров пурсид”, гуфтааст Умарзод.

Рӯзноманигор Умарзод дар зери ин матлаби худ ду аксро ҳам интишор кардааст, ки аз роҳи мошингузори шаҳри Истиқлол-Консой харобу пур аз чуқуриҳост.

Аксар сокинони дигар ҳам таъкид мекунанд, ки ҳамасола барои аз муоинаи техникӣ гузаронидани нақлиёти худ, маблағи андози роҳро пардохт мекунанд, вале қисмати бештари роҳҳои мошингузари байни ноҳияҳову байнишаҳрҳо дуруст таъмир карда намешаванд. Дар чунин ҳол, роҳҳои хароб сабаби зуд корношоям шудани қисмҳои эҳтиётии воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон гуфта мешавад.

Барчаспҳо:
Суғд, роҳсозӣ

Мавзӯъҳои асосӣ