Агентии Оқохон ба КҲФ дар минтақаи Рашт воситаҳои теникӣ тақдим кард - видео

© КЧС ТаджикистанаАгентства Ага Хана по Хабитат оказала помощь спасательным отрядам КЧС
Агентства Ага Хана по Хабитат оказала помощь спасательным отрядам КЧС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон дар минтақаи Рашт соҳиби таҷҳизотҳои наҷотӣ шудуданд. Ин кумакҳо дар доираи барномаҳои ҳамкориҳо миёни Кумита ва Агентии Оқохон оид ба Зистгоҳ барои таҳкими зарфиятҳои Кумита дар роҳандозии корҳои наҷот амалӣ гардид

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ахиран дар Шуъбаи Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Тоҷикистон дар минтақаи Рашт маросими таҳвили воситаҳои техникӣ барои воҳиди наҷоти шуъба баргузор гардид. 

Агентства Ага Хана по Хабитат оказала помощь спасательным отрядам КЧС - Sputnik Тоҷикистон
Кӯмаки навбатии Бунёди Оқохон ба Бадахшон

Тавре манбаъ қайд намудааст, кумаки пешниҳодшуда бо мақсади татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Агентии Оқохон оид ба Зистгоҳ сурат гирифтааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки наҷотдиҳандагони минтақаи Рашт соҳиби воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз ҷумла борхалтаҳо бо ҳама воситаҳои муҳим, тоскулоҳи наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда, сихҳои наҷот, занбарҳо, костюмҳои муҳофизатӣ ва завраҳои резинӣ шуданд. 

Бояд қайд кард, ки чанде пештар воҳидҳои наҷот дар ВМКБ соҳиби таҷҳизоти нави имдодӣ шуда буданд.

Ин идомаи риштакумакҳои Агентии Оқохон оид ба макони зист ба Дастаҳои наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ буд.

Сарвари Агентии Оқохон оид ба макони зист ҷаноби Ҳодӣ Ҳусайнӣ, ки дар расми таҳвили таҷҳизот ҳузур дошт, гуфт, ки ин ниҳод дар оянда низ идораи наҷотро ба хотири беҳбудиву некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард.

Барои Раёсати КҲФ дар ВМКБ он рӯз  23 борхалтаи махсус, ки дар дохили ҳар кадом то 10 номгӯ воситаҳои зарурӣ барои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот, аз қабили тоскулоҳҳои наҷот, айнакҳо, доруқуттӣ, фонусҳо, дастпӯшҳо, сихҳои  наҷот ва ғайра ба Дастаи наҷотдиҳии Раёсат супурда шуда буд.

Лентаи хабарҳо
0