23:46 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
109 0 0

Ҳамоиши муштараки тоҷирони Тоҷикистон ва Туркманистон дар шаҳри Ишқобод - пойтахти Туркманистон баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз баррасии масоили марбут ба тавсиаи иртибототи тиҷорӣ ва иқтисодии ин кишвар ва Туркманистон дар Ашқобод хабар дод.

Фаррух Шарифзода, сафири Тоҷикистон дар Ашқобод бо Давлтагелдӣ Раҷабов, раиси утоқи саноеъ ва бозаргонии Туркманистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Зимни мулоқот  тарафҳо масоили марбут ба тавсиаи ҳамкорӣ миёни ду кишвар дар заминаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла дар чорчӯби ибтикори сарони ду кишвар мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Ёдрас мешавем, ки зимни мулоқоти ахири Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов  дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Ишқобод таъкид намуданд, ки нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмӣ-техникиро барои таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ба сатҳи сифатан нав баровардани равобити дуҷониба, муҳим мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноати сабук ва кӯҳӣ, кишоварзӣ, аз ҷумла додугирифти маҳсулоти кишоварзӣ, бахши сармоягузорӣ, беҳсозии ҳамгироӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, обию энергетикӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва туризмро мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Миллати бофарҳанг: дар Туркманистон гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон созмон ёфт

Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар андешидани чораҳои мушаххасро зарур шумурдаанд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо оид ба таъмини амнияти минтақа ҳамчун яке аз масъалаҳои мубрам, аз ҷумла вазъи Афғонистон, мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, ифротгароии динӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гуфтугӯи кардаанд.

Зимни мулоқот таъкид гардид, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории зичи сохторҳои низомии ду кишвар муҳиму саривақтӣ мебошад.

Барчаспҳо:
тоҷирон, Ишқобод, Туркманистон, Тоҷикистон, ҳамоиш

Мавзӯъҳои асосӣ