08:53 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
78 0 0

Дар Душанбе таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 8 дек - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон варзиши Тоҷикистон санаи 9 декабри соли равон дар пойтахти кишвар Шӯрои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар ҷумҳурӣ баргузор мегардад.

Азим Иброҳим аз фаъолияти нокифояи кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маориф қайд кард

Ҷаласаи мазкур дар бинои Ҳукумати Тоҷикистон кишвар таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим баргузор мегардад.

“Ҷаласаи рушди тарбияи ҷисмонӣ бо мақсади табиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш роҳандозӣ гардида, фаъолияти солонаи барномаҳои соҳавии варзишӣ дар кишвар ҷамъбаст мегардад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Азим Иброҳим ба паймонкорон: қитъаҳои зарардидаи роҳро аз ҳисоби худ барқарор намоед

Ҳамзамон манбаъ зикр намуд, ки дар кори ҷаласаи Шӯро Раёсати Шӯро, ки аз роҳбарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, роҳбарону намояндагони мақомотҳои иҷроияи давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ташкилотҳои варзишии кишвар аъзо мебошанд, иштирок менамоянд.

Барчаспҳо:
тарбияи ҷисмонӣ, Маҷлис, Ҳукумат, Азим Иброҳим, сарвазир, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ