08:04 28 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51 0 0

Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то соли 2021 бунёду азнавсозии беш аз 7300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 9 дек - Sputnik. То имрӯз зиёда аз се ҳазор иншоот, аз ҷумла мактабу кӯдакистон, майдонҳои варзишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои фарҳангӣ, бунгоҳу муассисаҳои тиббӣ биноҳои маъмурию истиқоматӣ, ҳаммому сартарошхонаҳо, хатҳои обгузар ва ғайра мавриди истифода қарор дода шудаанд.

Дар ин бора иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.  

Бино бар иттилои манбаъ, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 510 иншооти соҳаи маориф дар назар аст.

“Тайи се соли оянда аз ҷумла сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 63 муассисаи томактабӣ, 156 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 169 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва дар назди 122 муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шудааст”, - таъкид намудааст манбаъ.

Манбаъ зикр кардааст, ки то Истиқлолияти Тоҷикистон дар вилоят ягон муассисаи типи нав, аз ҷумла гимназия ва литсей фаъолият намекард. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 49 мактаби типи нав, аз ҷумла 23 гимназияи давлатӣ, 2 гимназияи ғайридавлатӣ, 1 муассисаи таълимии хусусӣ, 22 литсейи давлатӣ фаъолият доранд.

Ҳамзамон ҳоло дар ҳудуди вилоят 17 муассисаи интернатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо 2 ҳазору 976 нафар тарбиягирандаи ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта шудаанд.

Барчаспҳо:
сохтмон, истиқлолият, иншоот, Хатлон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ