Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас ЭтвешДень 11 декабря
День 11 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ёздаҳуми декабр дар ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯҳ ва ҳамзамон Рӯзи байналмилалии рақси "танго" таҷлил карда мешавад

Рӯзи 11 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1852 дар Париж кӯҳнатарин бинои сирк кушода шуд.

Соли 1946 аввалин компютери "Марк-1" ихтироъ карда шуд.

© AP / dapdСтив Джобс с персональным компьютером Apple Macintosh. Архивное фото
Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон   - Sputnik Тоҷикистон
Стив Джобс с персональным компьютером Apple Macintosh. Архивное фото

Соли 1919 аввалин шумораи рӯзномаи "Московский комсомолетс" аз чоп баромад.

Соли 1946  Фонди кӯдаконаи СММ (ЮНИСЕФ) созмон дода шуд.

Рӯзи 11 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2012 дар шаҳри Куала — Лумпури Малайзия маросими қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни дастаҳои футболбозони ҷавон баргузор шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ ба гурӯҳи "С" минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ шомил гардид.

День 10 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Ҷашнҳои рӯзи 10 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба созишномаи қарзии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд /БИР/ оид ба лоиҳаи "Обтаъминкунии шаҳри Душанбе" илова ворид карданд.

Соли 2014  дар шаҳри Душанбе нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар раванди баргузории интихобот баррасӣ гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 68-уми Шӯрои иқтисодии ИДМ иштирок намуд.

Соли 2012 дар бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушд баргузор гардид.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар конфронси "Сиёсати бетарафӣ: ҳамкории байналмилалӣ баҳри сулҳ, амният ва рушд" ба Туркманистон сафар карданд.

Соли 2015 вазъ ва дурнамои робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Урдун мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 декабр

  • Рӯзи байналмилалии кӯҳ.
  • Рӯзи байналмилали рақси "танго" 

Рӯзи 11 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1952 - коргардон, ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон Ҳалим Сангинов.

Лентаи хабарҳо
0