15:57 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
134 0 0

Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд зимни дидор бо раиси “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой” масъалаи иҷрои уҳдадориҳои ширкат дар самти таъмири роҳҳо ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ матраҳ кард

ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо роҳбари “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой” Хуан Сзян Чун дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар - Тоҷикистону Чин изҳори қаноатмандӣ карда, дурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат таъкид дошт, ки дар вилояти Суғд як қатор ширкатҳои бонуфузи Чин фаъолият доранд ва “Ширкати саноати куҳии Тоҷикистону Хитой” аз ҷумлаи онҳост.

“Ин ширкат дар шаҳраки Зарнисори шаҳри Гулистон аз соли 2007 инҷониб фаъолият дорад, ки ба иқтисодиёти ҳар ду кишвар манфиат оварда истодааст. Бо истифода аз имконият ва мавҷудияти захираҳо тарафҳо метавонанд барои таъсиси корхона ва хатҳои нави технологӣ ҳамкориҳоро тавсеа бахшанд”, - гуфт Аҳмадзода.

Дар навбати худ, роҳбари ширкат чинӣ таъкид кард, ки ширкат барои ташкили корхонаҳои нав ва хатҳои ҷадиди технологӣ нақшаҳо дорад.

“Дар ин самт дар оянда низ ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, барои бештар таъсис додани ҷойи корӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мешавад”, - гуфт ӯ.

Ҳамзамон ҷонибҳо бо баррасии нақшаи ҳамкориҳо барои иҷрои уҳдадориҳои ширкат дар самти таъмири роҳҳо ва бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ низ мубодилаи афкор намуданд.

Барчаспҳо:
таъмири роҳ, ширкат, масъала, Раҷаббой Аҳммадзода, Хитой, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ