10:42 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
42 0 0

Дар пойтахти Русия 84-умин нишасти Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлаҳои Мустақил (ИДМ) дар сатҳи муовинони нахуствазирони кишварҳои узв ин иттиҳодия баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 11 дек - Sputnik. Дастури кори нишасти мазкур машмули мавзӯоти мухталифе дар иртибот бо ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои ИДМ буд.

Ба гузориши Форс, раисони ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунанда зимни ин нишасти стратегияи тавсеаи иқтисодии кишварҳои ИДМ то соли 2030-ро тасвиб ва тавсия карданд, ки такмили ин пешнавис идома ёбад.

Ин санад аҳдоф ва вазоифи тавсеаи иқтисодии кишварҳои ИДМ ва ҷиҳатҳои аслии таомул дар ин заминаро барои даҳ соли оянда таъйин мекунад.

Санади тасвибшуда ҷиҳат баррасӣ ба Шӯрои нахуствазирони кишварҳои ИДМ ирсол хоҳад шуд.

Дар ин нишаст ҳамчунин тасмимоте дар мавриди пешнависи пешбинии тавлид ва масрафи манобеи энержии кишварҳои ИДМ  то сол 2030 ва оинномаи ҷадиди рақобат барои ҷоизаи ИДМ дар заминаи кайфияти маҳсулот ва хадамот ба имзо расиданд.

ИДМ пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт. Баёнияи таъсиси ин иттиҳодия дар 21 декабри 1991 дар Алмаато, тавассути раҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина имзо шуд.

 

Барчаспҳо:
тасвиб, нахуствазир, иқтисод, ИДМ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ