18:04 17 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.83
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
991 0 0

Аз сабаби то ба ҳол дуруст фаъол набудани низоми пулинтиқолдиҳандаи (протсессингии) Бонки миллии Тоҷикистон сокинон барои гирифтани пулҳои худ соатҳои дароз назди бонкҳо мунтазир будаанд

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Раҳматулло, як сокини шаҳри Душанбе дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки бародараш аз шаҳри Маскави Русия барояш пул фиристодааст, вале аз сабаби фаъол набудани системаи протсессингии Бонки милли Тоҷикистон ин маблағро аз бонкҳо гирифта наметавонад.

"Саҳар бо бонки Бонки Эсхата рафтам, гуфтанд, ки ҳамин ҳоло система кор намекунад, ба Бонки Имон рафтам, он ҷо ҳам айни ҳаминро гуфтанд. Ба Амонатбонк низ рафтам, вале пуламро гирифта натавонистам", - иброз намуд Раҳматулло.

Аз 1,5 ба 0,99%: "Юнистрим" ҳаққи хизматрасониро поин овард

Ин сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, дар бонкҳо ба ӯ гуфтанд, ки коди пул ва рақами телефонашро гузошта равад, бо фаъол шудани низоми пулинтиқолдиҳӣ, кормандони бонк барои гирифтани пул барояш хабар медиҳанд.

Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, таҷаммӯи даҳҳо сокинонро дар бонкҳо дидааст, ки соатҳо боз фаъол шудани системаи бонкӣ ва ба ин васила гирифтани пулашонро мунтазир будаанд.

"Дар қатори мардум, як соат дар Амонатбонк кор кардани системаи пулинтиқолдиҳиро интизор шудам, вале фаъол нашуд. Кормандони бонк гуфтанд, ки кай фаъол шудани ин низомро худи онҳо ҳам намедонистаанд", -  афзуд Раҳматулло.

Ин дар ҳолест, ки шурӯъ аз рӯзи 3-уми декабр, Бонки милли Тоҷикистон анҷом додани ҳамаи амалиёти интиқоли маблағҳоро тавассути низоми протсессингии тобеъи худ ҷорӣ намуд.

Ба ин ҳол Бонки миллӣ кори як қатор ширкатҳои пулинтиқолдиҳанда ба мисли “Золотая корона”, "Western Union" ва “MoneyGram” ро, қатъ намуда дар ин миён танҳо ба ширкатҳои "Юнистрим" ва "Контакт", ки ба низоми нави пулинтиқолдиҳӣ ҳамроҳ шуданд, иҷозаи фаъолият дод.

Аммо ҳоло тавре сокинон мегӯянд, аз сабаби дуруст фаъол набудани худи низоми протсесингии Бонки миллӣ маблағи барояшон фиристодаро саривақт аз бонкҳо гирифта наметавонанд.

Мақомоти Бонки миллии кишвар, бо гузашти як ҳафта аз ҷорӣ намудани низоми нави пулинтиқолдиҳӣ ба чӣ сабаб то ҳол дуруст фаъол набудани онро шарҳ надодаанд.

Барчаспҳо:
интиқоли пул, бонк

Мавзӯъҳои асосӣ