06:08 05 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
343 0 0

Зарари нӯҳ ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ дар вилояти Суғд, ки дар 11 моҳи соли равон сурат гирифтааст, беш аз 11 миллиону 278 ҳазор сомониро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Дар соли гузашта шаш ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст, ки ба ҳисоби 12 миллиону 989 ҳазору 034 сомонӣ зарари расида қурбон шудани 5 нафар бар асари онҳо ба қайд гирифта шудааст

Бар асари рухдоди ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ дар вилояти Суғд 7 нафар ҷон бохта ва аз ин ҳисоб беш аз 11 милион сомонӣ ба хоҷагии халқ зарар расидааст.

 Дар ин бора рӯзи гузашта дар ҷаласаи ҳукумати вилояти Суғд оид ба ҳолатҳои фавқуллода хабар додаанд.

Полковник Анвар Қосимов, муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Суғд иттилоъ додааст, ки муддати 11 моҳи ахир дар қаламрави вилоят, нӯҳ ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ ба қайд гирифта шуда ва аз ин ҳисоб ба хоҷагии халқ 11 миллиону 278 ҳазору 034 сомонӣ зарар расидааст.

“Дар паи ин ҳодисаҳо 7 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд”, - гуфтааст полковник Қосимов.

Ин масъули Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофияи граждании Суғд иброз намудааст, ки ҳарчанд соли ҷорӣ ҳаҷми зарари расида назар ба ин давраи соли гузашта камтар аст, вале шумори қурбониёни офатҳои табиӣ имсол назар ба соли гузашта 2 нафар зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба гуфти Анвар Қосимов соли гузашта шаш ҳодисаи фавқулоддаи табиӣ рух додааст, ки ба ҳисоби 12 миллиону 989 ҳазору 034 сомонӣ зарари расида қурбон шудани 5 нафар бар асари онҳо ба қайд гирифта шудааст.

Борони сели шаби 2 ба 3-юми июн дар ҷамоатҳои Ортиқ Ҳамробоев ва Пӯлотони шаҳри Конибодом аз рухдоди ҳодисаҳои таббии соли ҷорӣ гуфта мешавад, ки ҳудуди 20 хонаи сокинонро ба пуррагӣ ва боз 40 манзили дигарро қисман вайрон карда, даҳҳо сар чорворо бо худ бурд.

Комиссияи Комиссияи бартарафкунии паёмадҳои офати табиӣ, хисороти расида аз ин офати табиӣ шаҳри Конибодомро дар маҷмӯъ 8 милиону 345 ҳазору 329 сомонӣ ҳисоб карда буданд. Баҳоваддин Баҳодурзода, муовини раиси вилояти Суғд, ки дар ҷаласа иштирок кардааст, дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати ҳолатҳои фавқуллода ва коҳиши хатари ҳодисаҳои табиӣ иброз намудааст.

Барчаспҳо:
қурбонӣ, сомонӣ, Суғд, ҳодисаи табиӣ, зарар, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ