21:56 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
86 0 0

Рӯзи сенздаҳуми декабр дар Малта Рӯзи ҷумҳурӣ қайд мешавад ва инчунин дар ин рӯз дар соли 1982 дар Яман заминларзаи шадид рух дод, ки ҷони зиёда аз 3000 нафарро рабуд

Рӯзи 13 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1959 СММ қарор қабул намуд, ки дар ҳалли масъалаҳои Алҷазоир ҳамроҳ намешавад.

Соли 1982 бар асари заминларза дар Яман зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 1981 дар Полша вазъияти ҳарбӣ эълон карда шуда, 22 июли соли 1983 бекор гардид.

Соли 1989 Ҳизби Либерал-демократии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

Соли 2010  дар шаҳри Брюссел ҷаласаи якуми Шӯро оид ба ҳамкорӣ миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Рӯзи 13 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон санади  "Аввалин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҳиндустон" оид ба ҳамкорӣ миёни Ҳиндустону Тоҷикистон дар самтҳои савдо, энергетика ва илму техника ба имзо расид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ баргузор гардид.

Соли 2014 дар Кохи Ваҳдати пойтахт таҳти раёсати Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Анҷумани 12-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 2011 дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи  Абулқосим Лоҳутӣ консерти ансамбли фолклории «Яр» ва гурӯҳи рақсии «La Nati Flamenco»-и Федератсияи Россия баргузор гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи муосиртарин ҷанбаи  назорати тадбирҳои пешгирии бемории ишемияи дил дар Ҷумҳурии Точикистонро муҳокима намуданд.

Соли 2013 дар пойтахти Тоҷикистон масъалаи рушди соҳибкории иҷтимоӣ ва  ҷамоати шаҳрвандӣ дар Осиёи Марказӣ муҳокима карда шуд.

Соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ, ки дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия таҳти унвони «Амали ягона баҳри ҳамбастагӣ бо Байтулмуқаддас» баргузор гардид, суханронӣ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 13 декабр

  • Дар Малта – Рӯзи ҷумҳурӣ.

Рӯзи 13 декабр кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1826-1897) – шоир, нависанда ва рассоми барҷаста Аҳмади Дониш

Солҳои (1916-1996) – сарояндаи халқии Тоҷикистон  Нерё Аминов

Солҳои (1924-2001) – ходими ҷамъиятӣ Рауф Дадабоев

Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ