20:18 18 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
483 0 0

Шаҳрдори Душанбе рустами Эмомалӣ дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии пойтахт дар назди вакилон ҳисобот медиҳад

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Санаи 23 - юми декабри соли равон иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Дар ҳошияи ин ҷаласа шаҳрдори пойтахт рустами Эмомалӣ 11 моҳи фаъолияти худро натиҷагирӣ намуда дар назди вакилон ҳисобот медиҳад.

Рустами Эмомалӣ қарори нав ба тасвиб расонд

Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, дар ҷаласаи мазкур тасдиқи қарорҳое, ки қаблан аз ҷониби шаҳрдори пойтахт қабул гардида буданд, сурат мегирад.

Зимнан, Рустам Эмомалӣ аз вакилони Маҷлиси пойтахт хоҳиш кардаст, ки бо интихобкунандагонашон аз қабл мулоқотҳо доир намоянд ва арзу шикоятҳо ва пешниҳодҳояшонро омӯзанд, то баъдан масъалаҳои ҷолибро ба рӯзномаи ҷаласа дохил кунанд.

Барчаспҳо:
ҳисобот, Рустами Эмомалӣ

Мавзӯъҳои асосӣ