05:08 19 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
850 0 0

Масъулони коргоҳи “RIAS Ingineering” дар Хуҷанд гуфтанд, ки кай яхдону телевизиорҳои сохти Тоҷикистон барои фурӯш ба бозор бароварда мешаванд

ДУШАНБЕ 13 дек - Sputnik. “RIAS Ingineering”, аввалин корхонаи истеҳсолкунандаи телевизору яхдон ва дигар анвои техникаи маишӣ маҳсуб дониста хоҳад шуд.

Аз ширкати “RIAS Ingineering” ба Sputnik Тоҷикистон доданд, ки зимнан дар 1, 01 гектор замин дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд сохтмони ин коргоҳи истеҳсолӣ шурӯъ шудааст.

Анҷоми корҳои сохтмонии ин коргоҳ муддати ду сол пешбинӣ шуда интизор меравад, ки молҳои тавлидотии ин коргоҳ аз қабили яхдону телевизор, кондисонер ва таҷҳизотҳои ҷомашӯӣ, барои аввалинбор таҳти бренди тоҷикӣ дар баҳори соли 2021 ба бозор арза хоҳанд шуд.

Бино ба гуфти менеҷери техникии “RIAS Ingineering”, солона иқтидори истеҳсолии ин корхона аз 146 000 дона мол, аз ҷумла 50 000 дона телевизор, 30 000 дона яхдон бо навъҳои гуногун, 30 000 дона кондисионер ва аз 36 000 дона таҷҳизотҳои ҷомашӯӣ иборат будааст.

Масъулони ин корхонаи ҷадид дар Хуҷанд мегуянд, барои истеҳсоли ин теъдод мол дар кишвар имкониятҳои истеҳсолиро дар назар гирифтаанд ва барои расидан ба ин нишондоди истеҳсолӣ онҳо умедвор ҳастанд.

Менеҷери “RIAS Ingineering” афзуд, қисмҳои эҳтиётии молҳои тавлидотӣ пурра дар дохили коргоҳ истеҳсол карда мешаванд, ки ин омил имкон медиҳад, маҳсули коргоҳи онҳо, назар ба молу маҳсулоти воридшаванда дар кишвар арзон хоҳад буд.

Проект нового завода по производству холодильников, телевизоров и другой бытовой техники.
Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Проект нового завода по производству холодильников, телевизоров и другой бытовой техники.

Дар ин миён танҳо муҳаррики яхдонҳои истеҳсолӣ барои ин коргоҳ аз хориҷи кишвар аз кишварҳои аврупоӣ ворид карда мешаванд.

"Мо нарху навои ҳама намуд техникаву таҷҳизотҳои воридшавандаро омӯхтем. Барои мисол яхдонҳои истеҳсоли шаҳрҳои Минс, Тошканд ва кишвари Хитойро. Насиб бошад, моли мо бо нархи арзон ба бозор мебарояд", - гуфт менеҷери “RIAS Ingineering” дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Бино ба иттилоъи манбаъ ҳоло дар радифи “RIAS Ingineering” дар минтақаи шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд? сохтмони корхонаи дигари саноfтӣ бо номи “Имран Суғд”, идома дорад. "Имран Суғд", аз сардхона ва амбори нигоҳдошти сабзавот иборат буда, имкон дорад дар ин коргоҳ то 3000 тона маҳсулоти кишоварзӣ ғунҷонида шавад. "Имран Суғд" ва “RIAS Ingineering” ҳарду аз тариқи сармояи мустақим ва аз сӯи як соҳибкори ватанӣ бунёд карда мешавад.

Бо ба кор оғоз намудани ин ду коргоҳи саноатӣ ҳудуди 330 нафар бо ҷои корӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Мақомоти ҳукумати Хуҷанд, ин ду коргоҳи ҷадидро аз шумори иншоотҳои беш аз 200 ададае мешуморанд, ки дар остонаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Хуҷанд бунёд хоҳанд шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ