Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

© SputnikСнег в парках и скверах Душанбе
Снег в парках и скверах Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво  абрнок  шуда, борон ва барф борида меғ мефарояд. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо каме барф меборад. 

Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва  рӯзона  0+5  дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 17-22 ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Светящиеся искусственные деревья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Зимистони гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Ҳаво дар вилояти Суғд қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва  барф меборад.  Туман  мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар доманакӯҳҳо борон ва барф  меборад.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона 5+10  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад.  Дар  ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар аст.  Дар  ноҳияҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб  бо суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 3+8  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво қисман абрнок  шуда, боридани  борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.  Туман мефарояд.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 6+8 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0