Шаб сарду рӯз гарм: обу ҳавои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевГород Душанбе, архивное фото
Город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабру бебориш дар назар аст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа хунук ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Прогулка в дождливую погоду - Sputnik Тоҷикистон
Обуҳавошиносон: ҳаво дар ҷумҳурӣ абрнок шуда, борону барф меборад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0-5 дараҷа хунук  ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва  рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм  мешавад.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  5-10 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7-12 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.  Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм   ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0