21:59 20 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
517 0 0

Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо наздикону аҳли хонаводаи Хоҷаев Фаррух изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода нисбати даргузашти декани факултаи "Санъати тасвирӣ"-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дотсент Хоҷаев Фаррух Собирович ба аҳли хонаводааш изҳори таслият кардааст.

"Роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳангу ҳунар нисбати даргузашти рассоми шинохтаи ҷумҳурӣ, декани факултаи «Санъати тасвирӣ»-и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дотсент Хоҷаев Фаррух Собирович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд", - омадааст дар нома.

Ҳамчунин Маъмурият ва коллективи омӯзгорони Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов аз даргузашти нобаҳангоми ин шахсият андӯҳгин шуда, ба фарзандон ва аҳли оилааш сабри ҷамил хостаанд.

Нигоргарони тоҷик наққошиҳояшонро дар Женева намоиш медиҳанд

"Марги ин рассом, шахсияти нотакрор, ки аз худ мероси фаромушнопазире гузоштааст, на танҳо талафот ба оилаи ӯ, балки талафот ба санъатӣ Тоҷикистон мебошад. Ёди ин рассом – график, ки дар айни ҷушу хуруши эҷодӣ аз байни мо рафт, дар дилу дидаҳои дӯстон, ҳамкорон, шогирдон ва аҳли коллектив ҳамеша ҷовидон хоҳад монд".

Рассомону тарроҳон корҳои худро дар Душанбе нишон медиҳанд

Рассоми барҷастаи тоҷик Хоҷаев Фаррух Собирович субҳи рӯзи 15 декабр дар шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Барчаспҳо:
ҳамдардӣ, Шамсиддин Орумбекзода, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ