19:37 19 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.16
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ рӯзҳои 21 то 24 декабри имсол ба мизбонии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ба нақл аз Форс, Намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 24 декабри 2019 дар “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳо ва фаолони иқтисодии Эрон дар бахшҳои тавлидӣ, саноати ғизоӣ, беҳдошт ва дармон, мошинолоти кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, гилем ва лавозими хона ва гардишгарӣ ҳузур хоҳанд дошт.

Выставка Иранских товаров в Душанбе
Выставка Иранских товаров в Душанбе

Дар намоишгоҳи мазкур, илова бар намоиши маҳсулоти истеҳсолии Эрон, тоҷирон ва сармоягузорону ширкатҳои эронӣ ва Тоҷикистон фурсати муносибе барои гуфтугӯ ҷиҳати баррасии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, истеҳсолӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузории муштарак хоҳанд дошт.

Охирин намоишгоҳи маҳсулоти эронӣ дар пойтахти Тоҷикистон дар моҳи маи соли 2017 баргузор шуда буд, ки дар он беш аз 20 ширкати эронӣ ширкат карда буданд.

Барчаспҳо:
намоишгоҳ, намоиш, коло, Эрон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ