09:31 29 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.65
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
937 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифтани он дар назар аст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст.  Дар  баъзе ноҳияҳо боришоти шиддатнок пешгӯӣ мешавад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа     гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва  барф меборад. Дар  ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. 

Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5 ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва   рӯзона   аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳо борон меборад. Шабона  дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр боридани  барф пешбинӣ шудааст.   

Сардшавӣ ва боришоти барфу борон: ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон то 15 дараҷа поён мефарояд

Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5   ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа  хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво  абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад.  Дар  баъзе ноҳияҳо  боришот бошиддат  борида, туман мефарояд. 

Ҳаво  дар водиҳо  шабона 0+5 ва рӯзона 7+12  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0-5 дараҷа хунук ва  рӯзона 0+5 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар  баъзе ҳолатҳо шиддат гирифтани он дар назар аст. 

Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.

Барчаспҳо:
борон, барф

Мавзӯъҳои асосӣ