02:19 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
306 0 0

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар дидор бо дабири амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, тарвиҷи ДОИШ роҳбурди Амрико ва режими саҳюнистӣ барои густариши исломҳаросӣ ва эҷоди ихтилоф, ҷанг ва буҳрон дар кишварҳои исломии минтақа аст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik.  Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday” Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Муҳаммадалӣ Ватанзода, дабири амнияти миллии Тоҷикистон, ки барои ширкат дар дувумин нишасти амнияти минтақаӣ дар садри ҳайати олирутбаи амниятӣ ба Теҳрон сафар кардааст, афзуд, муассиртарин роҳи муқобила бо тафаккури ифротӣ ва такфирӣ, табйини исломи раҳмонӣ аст.

Шамхонӣ ҳамчунин бо ишора ба иштирокоти фаровони фарҳангӣ, қавмӣ, динӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ маҳдудияте дар густариши равобит ва ҳамкориҳои дуҷониба вуҷуд надорад.

Муҳаммадалӣ Ватанзода низ бо ишора ба марзҳои муштараки тӯлонии Тоҷикистон бо Афғонистон ноамнӣ дар ин кишварро бар амнияти миллии Тоҷикистон таъсиргузор донист ва гуфт, набояд гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ ба номи ислом кишвари Афғонистонро ноамн ва бесубот кунанд ва минтақаро бо чолишҳои амниятии физоянда рӯ ба рӯ созанд.

Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон ҳамчунин ҳамкории муштараки Эрону Тоҷикистонро дар заминаҳои мухталиф хостор шуд.

Дувумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ бо ҳузури дабирон ва мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон фардо, чаҳоршанбе, дар Теҳрон баргузор мешавад.

Дар ин нишасти якрӯза, ки бо ибтикор ва мизбонии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, бар мавзӯи Афғонистон ва муборизаи ҳамаҷониба бо ашколи мухталифи терроризм дар ин кишвар тамаркуз мешавад.

Барчаспҳо:
ихтилофот, Афғонистон, ифротӣ, террористӣ, Маҳмадалӣ Ватанзода, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ