13:55 27 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
438 0 0

Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, ҷумҳурӣ аз он нигарон аст, ки гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон ва минтақаҳои марзии Тоҷикистон ҳукумати мустақил шакл диҳанд

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Муҳаммадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амният миллии Тоҷикистон, ки дар дувумин конфронси гуфтугӯи амнияти минтақаӣ дар Теҳрон суханронӣ кард гуфт, амнияти Афғонистон бо амнияти кишварҳои минтақа,  ба хусус бо кишварҳои  ҳамсоя вобаста мебошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday” дар истинод ба “Форс”.

Муҳаммадалӣ Ватанзода ҳамчунин гуфт, ки бояд бо ҳамкории ҷамъӣ ба беш аз 40 соли ҷанг ва ноамнӣ дар Афғонистон поён дода шавад.

Вай бо ибрози нигаронӣ аз тавсеаи гурӯҳҳои террористӣ дар шимоли Афғонистон, ин рухдодро таҳдиде рӯ ба афзоиш барои амнияти Осиёи Марказӣ зикр кард.

“Бо таваҷҷуҳ ба густариш ва тасбити ҳузури ин гурӯҳҳо дар шимоли ин кишвар, эҳтимоли шаклгирии ҳукумати мустақил аз сӯи гурӯҳҳои террористӣ дар ин минтақа ҷиддӣ аст” – афзуд вай.

Ватанзода зикр кард, ки фақр ва тавсеанаёфтагӣ яке аз далоили аслии муваффақияти гурӯҳҳои террористӣ дар сарбозгирӣ аз мардуми минтақа ва афзоиши нуфузи онҳо дар вилоятҳои шимолии Афғонистон аст.

Дувумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ бо ҳузури дабирон ва мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон имрӯз субҳ (чаҳоршанбе) дар Теҳрон оғоз шуд.

Барчаспҳо:
марз, муваффақият, террористӣ, нигаронӣ, Афғонистон, ҷумҳурӣ, Шӯрои амният, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ