Ҷашнҳои рӯзи 20 декабр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас ЭтвешДень 20 декабря
День 20 декабря - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи бистуми декабр ҳамчун Рӯзи ҳамбастагии одамон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз дар Панама Рӯзи мотам эълон гардидааст

Рӯзи 20 декабр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1974 Эфиопия ҳамчун кишвари сотсиалистӣ эълон шуд.

Соли 1993 Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.

Соли 1879 Томас  Эдисон аввалин маротиба кори лампаи  сӯзишвориро нишон дод.

Рӯзи 20 декабр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар карданд.

Соли 2009 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон   дар мулоқоти ғайрирасмии сарони  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  масоили вобаста ба вазъи вақти минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид.

Соли 2010 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар “Кохи Ваҳдат”-и пойтахт бо намояндагони сершумори варзишгарони мамлакат мулоқот намуданд.

Соли 2012 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба «Соли варзиш ва тарзи солими зиндагӣ дар фазои ИДМ» намоишгоҳи суратҳо баргузор гардид.

Соли 2016 Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳгонаи беҳтарини варзишгарони Тоҷикистон дар соли 2017-ро эълон намуд. Чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Беҳрӯз Хоҷазода варзишгари беҳтарин ҳисобида шуд.

Соли 2017 дар шаҳри ал-Кувайти Давлати Кувайт Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Кувайт оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, илмӣ ва техникӣ баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 20 декабр

  • Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон.
  • Дар Панама – Рӯзи мотам.
  • Дар Россия, Арманистон, Беларус ва Қирғизистон – Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ

Рӯзи 20 декабр кӣ ба дунё омадааст

Соли 1915 – пизишки ҳайвонот, ходими давлатӣ, академики Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғулом Алиев.

Соли 1924 – доктори илмҳои тиб, ходими хизматнишондодаи Тоҷикистон профессор Саъдиниссо Ҳакимова.

Соли 1925 – олими тиб, нахустин мудири Институти гастроэнтерологии Академияи илмҳои ҶТ академик Ҳомид Мансуров.

Солҳои (1931-2011)–  академик Ҳайдар Чумонқулов

Соли 1933 – нависанда, муаллифи китобҳои «Каменный мост»,  «Под синим небом», «Эхо» Бобо Насриддинов.

Солм 1945 –шоири халқӣ Сафармухаммад Аюби.

Соли 1946 – муовини аввали раиси палатаи пардумони Тоҷикистон Амиршоҳ Миралиев

Соли 1948 – ихтироъкор Абдуқаҳҳор Раҳимов

Соли 1958 – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Лутфулло Давлатов

Соли - пизишки ҷарроҳ  Убайдулло Қурбонов

Соли 1965 – рӯзноманигор Зоиршо Шарифзода

Соли 1967 – ҳунарманд Ҷобиршо Хубоншоев

Лентаи хабарҳо
0