ВКД занеро ҷустуҷӯ дорад, ки маблағи калони сокини Душанберо гирифтааст

© Sputnik / Стас ЭтвешДоллары на столе
Доллары на столе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе занеро ҷустуҷӯ дорад, ки маблағи калони сокини пойтахтро аз худ карда барнагардондааст

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Дар ин бора ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 51 сола муроҷиат кардааст.

Бино ба гузориши ин ниҳод ҳодиса се сол қабл соли 2016 ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур аризаи марди 51-солаи сокини ноҳияи мазкур ворид гардидааст.

"Рӯзи 16-уми марти соли 2016, зани 55-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 7 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст", - омадааст дар хабарнома.

Боздошти нозири тамаъҷӯй дар Панҷакент: аз соҳибкор 6000 сомонӣ гирифт

Колода карт - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти се қиморбоз дар Душанбе

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Пештар ВКД аз боздошти ду мард хабар дода буд, ки маблағи ҳангуфти шаҳрвандонро гирифта буданд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 59-солаи сокини кӯчаи Қаротегини пойтахт бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 15-уми апрели соли 2019 дар кӯчаи С.Шерозӣ бо роҳи фиреб ба боварии зани 34-солаи сокини кӯчаи мазкур даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Прадо”, ки арзишаш 32 ҳазору 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ оид ба ҳодисаи қаллобӣ ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо аризаи марди 36-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 21-уми октябри соли 2019, дар кӯчаи Ҷ.Икромии пойтахт марди 30-солаи сокини кӯчаи Ховарон бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31000 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 1-адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемрӣ” гирифта медиҳад, аммо то ҳол на автомашинаро додааст ва на маблағи гирифтаашро баргардонидааст.

ВКД аз рӯи ҳодисаҳои мазкур тафтишотро идома дода истодааст.

Лентаи хабарҳо
0