Тоҷикистонро заминҷунбии 4 балла такон дод

© AP / Marco UgarteСейсмический график, архивное фото
Сейсмический график, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон имрӯз соати тақрибан 16:39 дақиқа заминҷунбии 4 балла такон дод, ки дар пай талафоти ҷонӣ ва молиро надошт

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Пас аз зӯҳри имрӯз, тақрибан соати 16:39 дақиқа дар Тоҷикистон замин ҷунбид.

Сейсмография, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 баллӣ такон дод

Ба иттилои расонаҳо, макони заминҷунбӣ дар 246 км дуртар аз маркази ҷумҳурӣ  шаҳри Душанбе дар ҳамсоякишвари Афғонистон рух дод.

Гуфта мешавад, қувваи заминҷунбӣ дар маркази он Ҷумҳурии Афғонистон  ба 6 дараҷаи рихтер баробар будаст.

Тоҷикистонро заминҷунбӣ такон дод

 Дар шаҳри Душанбе бошад шиддати заминҷунбиро ба 4 дараҷа арзёбӣ намуданд. Аксари сокинони дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ларзиши замин дода, афзудаанд, ки давомнокии он чандон дароз намуда, барои чанд муддат хонаҳояшонро ларзонд.

Феълан маълумоти бештар бобати талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дар ҳамсоякишвари Афғонистон рӯи даст нест.

Дар Тоҷикистон бошад заминҷунбии мазкур бе ягон хисорот анҷомид.

Лентаи хабарҳо
0