Генерал ба сокинони Рашт: аз гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ пешгирӣ намоед

© МВД РТгенерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло
генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало Азизуло  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерали милитсия Азизулозода Сафиало дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Рашт масоили муборизаи бар зидди терроризму экстремизм, равияҳои ихтилофангези динӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ғайраро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст ахиран Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал Азизулозода Сафиало бо сокинони ҷамоати деҳоти Ясмани ноҳияи Рашт дидору гуфтугӯ кардааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на открытии спортшколы в Раштском районе - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Рашт: ҳамаи гумроҳшудагон аз хориҷа баргардонда шаванд

Тибқи иттилои манбаъ, дар раванди вохӯрӣ сардор генерал-майори милитсия Азизулозода Сафиало, оид ба муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ, равияҳои ихтилофангези динӣ, ташкилоту гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ дар мадрасаҳои хориҷ ибрози назар намуд.

Вай зимни мулоқот хусусан аз сокинони ҷамоати деҳоти Ясман даъват кардааст, ки барои пешгирии гаравидани шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористию экстремистӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намуда, барои бартараф намудани ин зуҳуроти номатлуб бетараф намонанд.

Вай афзудааст, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон мавзӯи терроризм ва экстремизм ҳамаро ба ташвиш овардааст, ки инро ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маҳкум мекунад.

Лентаи хабарҳо
0