21:36 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2656 0 0

Дар иҷлосияи 21 - уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди вакилони халқи ВМКБ пазируфта шуд

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Дар Душанбе имрӯз Иҷлосияи 21 - уми маҷлиси милли Маҷлиси Олии Тоҷикистон баргузр гардид. Дар кори ин иҷлосия аз ҷумла пешниҳоди вакилони халки ВМКБ бобати ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи  Мурғоб пазируфта шуд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Муҳаммадюсуф Имомзода зимни шарҳи масъалаи мазкур зикр намуд, ки он аз ҷониби  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

"Кумитаи мо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 31 июли соли 2019 дар бораи пешниҳоди вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон "Дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" мавриди омӯзиш қарор дод", -  афзуд мавсуф.

Ба иттилои Муҳаммадюсуф Имомзода, таклиф ба миён гузошта шудааст, ки деҳаи Мурғоб — маркази маъмурии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба категорияи шаҳрак мансуб дониста шавад.

Файзов ба ноҳияи Мурғоб рафт ва омодагии сокинонро ба зимистонгузаронӣ санҷид

Иттилоъ дода шуд, ки деҳаи Мурғоб соли 1928 таъсис ёфта, дар баландии 3 ҳазору 612 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Масофаи деҳаи мазкур то шаҳри Хоруғ 317 ва то шаҳри Душанбе 1000 километрро ташкил медиҳад.

Шумораи аҳолии деҳаи Мурғоб ба ҳолати 1 январи соли 2019 зиёда аз 7129 нафарро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Мурғоб яке аз баландтарин ва сардтарин минтақа  дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, ҳайвоноти нодир, ба монанди гӯсфанди Марко Поло ва озодапаланг низ маҳз дар ҳамин ноҳия сукунат доранд.

Барчаспҳо:
ВМКБ, вакилон, пешниҳод, Тоҷикистон, парлумон

Мавзӯъҳои асосӣ