Раҳмон: имрӯзҳо тамоми гушаву канори мамлакат 24 соат бо қуваи барқ таъмин ҳаст

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС
Президент Эмомали Рахмон и премьер проинспектировали строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, расиҷумҳури кишвар таъкид дошт, ки имрӯзҳо тамоми гушаву канори мамлакат аз деҳаҳои дурдаст то саноати кишвар 24 соат бо қуваи барқ пурра таъмин ҳастанд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханрониаш дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз беҳтаршавии вазъ дар бахши энергетика қайд кард.

Ба гуфтаи вай, амалишавии лоиҳаҳо дар бахши энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли ахир яъне солҳои 2013-2019-ум 1,3 баробар аз 16 миллиард ба зиёда аз 20 миллиард кВт соат афзоиш ёбад.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: барномаи президентии 7 соли пеш иҷро шуд

“Ҳамаи мову шумо, куилли мардуми Тоҷикистон шоҳид ҳастем аввали солҳои 90 ва баъдан соли 2016 ҳамагӣ мақомоти Тоҷикистон ҳашт соат аҳолии кишварро бо барқ таъмин мекард, ба хусус  дар фасли тирамоҳу зимистон. Имрӯз дар тамоми гушаву канори кишвар то деҳаҳои дурдаст ва саноати 24 соат бо қуваи барқ пурра таъмин ҳастанд ва боз ба кишварҳои ҳамсоя низ содирот мекунем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Вай ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистонро вазифадор кард, ки барои самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ тавасути баҳрабардорӣ аз технологияҳои каммасраф, бунёди иқтидорҳо ва шабакаҳои барқ, таҷдиду барқарорсозии шабакаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани низоми муосири назорату ба ҳисобгирӣ ва коҳиш доднаи талаботи нерӯи барқ татбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон раисҷумҳур зимни суханрониаш зикр кард, ки бо талошҳои ҳукумати Тоҷикистон дар панҷ соли ахир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ барои ҷалби сармояи мустақим ба мабалғи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсоли бунёд карда мешавад.

На стройплощадке Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дақиқ гуфт дар сохтмони “Роғун” то имрӯз чӣ қадар маблағ масраф шудааст

Вай гуфт, соли 2019 таҷдиди НБО Норак ва Қайроқум ба маблағи 5,5 миллирад сомонӣ оғоз гардида татбиқи чунин лоиҳа дар НБО Сарбанд ба маблағи 1,3 млрд сомонӣ идома дорад.

“Таҷдидии ин нерӯгоҳҳоие, ки 40-50 сол хизмат карда буданд мувофиқи нақша аввали соли 2021 пурра ба анҷом расида иқтидори он қариб 45 МВт зиёд карда мешавад”, - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин вай таъкид дошт, ки имрӯзҳо корҳо барои бунёди НБО Себзор дар ноҳияи Рошқалъаи ВМКБ бо суръат идома дорад.

Бо ин мақсад ҳукумат беш аз 470 миллион сармояи давлатиро равона кардааст ва мақомоти кишвар ният дорад, ин иншооти муҳимро соли 2022 ба истифода супорад.

Лентаи хабарҳо
0