15:24 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
813302

Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз соҳибкороне тавсиф кард, ки дар ободиву осоиши ҷомиа ва фароҳам кардани як зиндагии шоиста барои мардум саҳм мегиранд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ин соҳибкорон барои худ қасру кӯшки зиёд намесозанд ва ба нафъи ҷомиа кор мекунанд.

Нахуст ӯ аз Бобоҷонов Муҳиб, сокини 80-солаи ноҳияи Рашт ва фарзандонаш гуфт, ки соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро азнавсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хатти оби нӯшокӣ мекашанд ва ҳадаф доранд дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ барои занонро низ бунёд кунанд.

Соҳибкори дигаре, ки раисҷумҳури Тоҷикистон мисол овард, Абдухалил Ғуломов аст, ки ҳоло дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба беш аз 35 миллион сомонӣ як мактаб барои 2400 хонанда дар як баст ва ҳудуди 5 ҳазор хонанда дар ду баст месозад.

Ба қавли раисҷумҳур, ҳамин соҳибкор як сол қабл дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рӯдакӣ ба 21 миллион сомонӣ мактаби дигареро барои 1280 хонанда сохтаву ҳоло дар шаҳри Кӯлоб низ як мактабро ба маблағи 35 миллион сомонӣ барои 2500 хонанда бунёд мекунад, ки соли 2021 дар арафаи 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешавад.

“Дар ду-се сол барои 6200 толибилм ҷойи таҳсилу шароити сатҳи баланд муҳайё кардани як соҳибкор лоиқи таҳсину офарин аст. Ман ин соҳибкорро мешиносам. Падараш як деҳқони оддӣ аст. Онҳо барои худ қасру кӯшки зиёд насохтанд”, - хулоса кард Эмомалӣ Раҳмон. Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин як ширкати саноатиро низ дар Паёми худ зикр кард, ки ба сохтмони мактаб машғул аст.

Бино ба иттилои ӯ, “Чунгтсай Моҳир семент”, як ширкати тоҷикиву чинӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сохтмони мактаберо барои 2400 хонанда ба маблағи 45 миллион сомонӣ оғоз кардааст, ки низ дар остонаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ба истифода дода хоҳад шуд.

Эмомали Рахмон во время ежегодного послания к депутатам обеих палат парламента 20 января 2016 года
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

“Чунгтсай Моҳир семент” соли 2016 дар деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон мактаберо барои 640 хонанда ба маблағи 13 миллион сомонӣ сохта, ба истифода додааст. Ба қавли раисҷумҳур, ин ширкат дар маҷмӯъ ҳам дар ноҳияи Ёвон ва ҳам Ҷалолуддини Балхӣ беш аз 1000 ва бо маоши баланд ҷойи кории доимӣ муҳайё кардааст.

“Ман бо ин мисолҳо чӣ гуфтанӣ ҳастам? Ҳоло дар кишвар ширкатҳое ҳастанд, ки зиёда аз 3 ҳазор ҷои кори доимӣ таъсис додаанд ва ба буҷаи давлат ҳар сол 450 миллион сомонӣ пардохт мекунанд. Ҳамчунин ширкатҳо дар кишвар ҳазорҳо адад аст”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон бо изҳори сипос аз соҳибкору ширкатҳое, ки барои фароҳам сохтани як зиндагии арзанда дар кишвар кор мекунанд, сипосгузорӣ кард ва хитоб ба мақомоти назоративу қудратӣ гуфт: “Баъди ин суханронии мо даррав тиру камонатонро гирифта ба тафтишот шурӯъ накунед. Ман медонам, ки баъзан соҳибкоронро ба кадом дараҷа оварда мерасонанд”.

Барчаспҳо:
паём, зиндагӣ, соҳибкор, Раисҷумҳур, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ