Тақаллуби “Юлдузсозӣ” дар Истаравшан ва бехабарии мақомот

© Sputnik / Рамиз БахтияровПевица Юлдуз Усманова
Певица Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мухлисони ситораи узбакистонӣ Юлдуз Усмонова дар шаҳри Истаравшна мегуянд, барои баргузории консерти ин ҳунарманд бо қиммати зиёд чипта харида буданд, вале ба ҷои ин овозхон, дирӯз нафари дигар рӯи саҳна баромадааст

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Рӯзи 25-уми декабр, баргузории консерти Юлдуз Усмонова дар тарабхонаи “Садбарг” воқеъ дар маркази шаҳри Истаравшан дар назар дошта шуда буд, аммо ба ҷои ин овозхон, як зани дигар рӯи саҳна баромадааст ва садою  симояш ҳеҷ монанд ба Усмонова набудааст.

Юлдуз Усманова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Юлдуз Усмонова: агар барои Каримова намесароидам аз саҳна маҳрум мешудам

Манобеъи огоҳ аз баргузории ин барномаи консертӣ дар Истаравшан мегуянд, дар консерти дирӯза худи Усмонова иштирок надошт, балки ба ҷои ӯ, рӯи саҳна як ҳофизаи дигари узбакистонӣ сурудхонӣ кардааст.

Тӯҳфа дар рӯзи мавлуд: ба Юлдуз Усмонова мошини BMW X7 ҳадя карданд

Ташкилкунандаҳои консерт ҳам сабаби инро шарҳ надодаанд.

“Вақте мардум дар толор диданд, ки ин овозхони узбакистонӣ Юлдуз Усмонова нест, нороҳат шуданд ва ҳама шуру ғавғо бардоштанд. Баргузоркунандаҳои консерт ҳам дар ин бора чизе нагуфтаанд. Консерт бо хархашаву ҷанҷол ба поён расид” гуфт, як манбаъ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Аммо мақомоти ҳукумати Истаравшан аз чунин фанхурии мардум ва иштирок накардани Усмонова дар консерташ дар ин шаҳр изҳори бехабарӣ мекунанд.

Нигора Наимҷонзода, муовини раиси шаҳри Истаравшан оид ба соҳаи иҷтимоиёт дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки баргузории консерти Усмонова, рӯзи 25-уми декабр дар тарабхонаи “Садбарг” дар назар буд, лекин аз иштирок накардани худи овозхон дар консерт онҳо хабар надоранд.

“Ба унвонии ҳукумати шаҳр аз сӯи соҳибкор барои баргузор кардани барномаи консертӣ бо иштироки ситораи узбакистон Юлдуз Усмонова ариза ворид шуда буд. Мо ин аризаи соҳибкорро баррасӣ намуда, барои баргузор шуданаш иҷозат додем то, ки мардум дар остонаи соли нави мелодӣ хурсандӣ кунанд, лекин чаро худи овозхон наомадааст, мо бехабарем”, афзуд Наимҷонзода.

Дар барномаи консертии рӯзи 25-уми декабр, ба ҳисоби Юлдуз Усмонова ҳунарнамоии Хуршед Мӯъминҷон ҳофизи истаравшанӣ дар назар буд. Барои иштирок дар консерт мардум бо қиммати бештар аз 300 сомонӣ чипта харида буданд.

"Ман бисёр бераҳмам": Юлдуз Усмонова дар бораи сурудҳои худ ва ҷалби ҳаводоронаш

Аммо аз ин барномаи консертиаш худи Усмонова хабар надошта, ба ҷои ӯ, Мӯъминоҷон ва як ҳофизаи дигари узбакистонӣ чандтоӣ суруд хондаанд. Сокинон фиреб хурдани худ аз ин консерти ба ном бо иштироки Юлдуз Усмоноваро дар Истаравшан дар ҳоле фаҳмидаанд, ки ба ҳангоми тамосҳо, менеҷери ин овозхон аз Узбакистон ба онҳо фаҳмонидааст, ки Усмонова ҷое нарафта ва дар шаҳри Тошканд қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0