14:31 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Фаррух Аҳмадзода ки тобистони соли 2019 ҷасади кӯҳнаварди афтодаи хориҷиро аз ҷарӣ берун оварда буд, супурд ба ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ”-и Кумитаи ҷавонон қадрдонӣ шуд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ахиран Дар шаҳри Душанбе маросими эътои ҷоизаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар соли 2019 доир гардид, ки ба Фаррух Аҳмадзода, лейтенанти хурди КҲФ Тоҷикистон барои ҷасорат ҳангоми роҳандозии корҳои садамавиву наҷот ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ” супорида  шуд.

Рамазон Рахимзода, министр внутренних дел Таджикистана
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

 Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фаҷқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон А.Абдуллозода дар вазъи тантанавӣ ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ”-ро ба наҷотдиҳандаи Раёсати махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти  КҲФ, лейтенанти хурд Фаррух Аҳмадзода, ки тобистони соли 2019 ҷасади кӯҳнаварди афтодаи хориҷиро аз ҷарӣ берун оварда буд, супурд. 

Ҳамчунин, ин шараф насиби 10 нафар хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон низ  шуд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷараёни маросим ҳамчунин гирандагони ҷоизаи Кумитаи ҷавонон дар адабиёт, санъат, журналистика, меъморӣ, барномарезии комютерӣ, техника, технология ва инноватсия, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ муайян карда шуданд. 

Ҷоизаи “Ҷасорат ва мардонагӣ”, ҷоизаҳои озмуни “Донишҷӯи соли 2019”, озмуни ҷумҳуриявии “Навои донишҷӯ”, озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин лоиҳаи инноватсионӣ”, Стипендияи Кумитаи ҷавонон ва варзиш ва ҷоизаҳои дигар супурда шуданд.

Барчаспҳо:
наҷотдиҳанда, мардонагӣ, ҷоиза, қадрдонӣ, кӯҳнавард, Кумитаи ҷавонону варзиш, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ