15:06 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
564 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як паёми шодбошӣ ҳамаи сокинони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ табрик гуфта, ба онҳо барору комёбӣ орзу намуд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми Тоҷикистонро ба фарорасии Соли нави милодӣ табрику таҳният гуфт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Президенты Таджикистана и Кыргызстана на переговорах
© Пресс-служба президента Кыргызстана

Аз ҷумла раисҷумҳур дар паёмаш кулли мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат фарорасии Соли нави милодӣ табрик гуфта, ба ҳар шаҳрванди кишвар саломатӣ, умри бобаракат, саодату комёбӣ ва ба кишвар пешрафту ободии бештар ва суботу оромии ҷовидона орзу намуд.

Вай гуфт, соли 2019 дар таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун соли дастовардҳои арзишманд сабт мегардад.

“Ба истифода додани агрегати дуюми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи мо дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлоли энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба нерӯи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат мебошад”, - гуфт ӯ.

Ҳамчунин вай таъкид дошт, ки имсол соҳаҳои истеҳсолӣ низ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд.

Раисҷумҳур нақши аз соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша ёдрас шуда аз онҳо изҳори сипос кард.

“Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи кишвар хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд, ки ба ҳар яки онҳо изҳори сипос менамоям”- қайд кард манбаъ.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар соҳаи иҷтимоӣ низ корҳои зиёд ба анҷом расида, садҳо муассисаҳои нави таълимиву тандурустӣ ба истифода дода шуданд, ки мушкилоту масъалаҳои ин соҳаи муҳимро тадриҷан бартараф кард.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар паёмаш аз ақши забони давлатӣ қайд кард.

Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбакистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Узбакистон

“Мо, инчунин, соли ҷорӣ даҳумин солгарди Қонун “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро  таҷлил кардем. Воқеан,  забони нобу шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ маҳз дар замони истиқлол соҳиби ҷойгоҳи асливу арзандаи худ гардида, имрӯз ба сифати забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мешавад ва рушд мекунад.  Вазифаи ҳар як фарди худогоҳу ватандӯст аз он иборат аст, ки на танҳо забони модарии худро гиромӣ дорад,  балки дар татбиқи пурраи муқаррароти қонуни забон саҳм гузорад. Танҳо бо чунин муносибат мақоми забони давлатӣ ҳамчун яке аз рукнҳои бунёдии давлатдории миллӣ ҳамеша пойдору устувор хоҳад буд”, - гуфт раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои соли 2020 мақомот иҷрои корҳои зиёди созандаро ба нақша гирифтаааст.

Вай афзуд, соли 2020 дар кишварамон маъракаҳои муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллӣ баргузор мешаванд ва бовар дорам, ки ин чорабиниҳои сиёсӣ дар доираи муқаррароти Конститутсия, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо иштироки фаъолонаи шаҳрвандони мо доир гардида, ба таҳкими минбаъдаи пояҳои давлати миллии тоҷикон ва тақвияти нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.

Дар поёни табрикот Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро сиҳатмандӣ, иқболи баланд ва барору комёбӣ орзу намуд.

Барчаспҳо:
паём, Раисҷумҳур, комёбӣ, табрик, Соли нав, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ