10:42 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
5938 0 0

Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи ахираш тағйирот ба қонун “Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия”-ро қабул кард, ки ба таъиноти кадрӣ дар ин ниҳод рабт доранд

ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Бар асоси тағйирот, ки барои аъзои Маҷлис, охири моҳи декабр муаррифӣ шуданд, минбаъд сардорони сарраёсатҳо, раёсатҳои Дастгоҳи марказии Ожонси мубориза бо коррупсия, раёсатҳои Ожонс дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе бо розигии раисиҷумҳури Тоҷикистон таъин ва озод карда мешаванд.

Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон
акс аз саҳифаи фейсбукии Носирҷон Маъмурзода, мақомдори ҳукумати Хатлон

Инчунин муқаррар шудааст, ки  ҷойивазкунии ҳайати роҳбарикунанда, тибқи қоидаҳои тасдиқшуда аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охираш ба парлумон аз ҳузури афроди тасодуфӣ дар сафи Ожонси мубориза бо фасод ва мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти амният, умури дохилӣ ва додситонӣ интиқод карда буд. Раисиҷумҳур гуфт, дар мулоқоти ахираш бо кормандони Ожонси зидди фасод, ки 17 декабр сурат гирифт, бархе аз мақомдорони ин ниҳод баъди маҷлис дар толор аз кор ронда шуданд.

Ӯ таъкид намуд, ки тасодуфиҳо ҳанӯз ҳузур доранд ва барои поксозии сафи мақомот аз чуин афрод дастур дод.  

Барчаспҳо:
тағйироти кадрӣ, Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ