15:11 08 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
269310

Дар ин намоҳанг Абдурозиқ ҷомаи миллии зардӯзишуда ба бар кардааст, ки барои иҷрои ин суруд хеле мувофиқ гуфта мешавад

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Суруди ҷадиди Абдурозиқ, сарояндаи навраси тоҷик ва акнун машҳури шабакаи ҷаҳонии Интернет пешкаши мухлисон шудааст. Гуфта мешавад, ин аз аввалин намоҳанги Абдурозиқ дар соли 2020 аст.

Суруди нави Абдурозиқ аз ҷониби канали Avlod Media дирӯз 5-уми январ ба нашр расидааст ва инак бо гузашти ҳамагӣ як рӯз ин намоҳанги ҷадидро дар YouTube наздик ба 165 ҳазор бор тамошо кардаанд, ки гуфта мешавад дар миёни сурудаҳои ҳофизони тоҷик дар Интернет бо чунин шумора дар вақти кутоҳ аз пурбинандаҳост.

Афзоиши шумори бинандаҳо баёнгари маҳбубияти ин сарояндаи навраси тоҷик аст. 

Абдурозиқ ин бор шеъри маъруфи “Эй акси рухат ҷон диҳад оинаи дилро” и шоир Туғрал Аҳрорӣ ро сурудааст. Суруди ҷадид дар қалъаи Ҳисор, аз зебогӯшаҳои Тоҷикистон наворгирӣ шудааст.

Маро тоқа намон: нашри суруду намоҳанги нави Абдурозиқ-видео

Дар ин намоҳанг Абдурозиқ ҷомаи миллии зардӯзишуда ба бар кардааст, ки барои иҷрои ин суруд хеле мувофиқ гуфта мешавад.
То ин муддат ҳам сурудаҳои Абдурозиқ қалби милион бинандаро дар YouTube тасхир кардааст. Аз ҷумла суруди муштараки ӯ ва репсаро бо номи “Ватан - Модар”, ки танҳо дар моҳҳаи аввали баъди ба нашр расиданаш теъдоди тамошобинонаш ба бештар аз 2, 3 милион расид.

Ва ё ҳам суруди “Оҳанги дили зор” и Абдурозиқро то ин муддат дар зиёда 2, 7 милион нафар тамошо кардаанд, ки ба қавле рекорд ва ё “инқилоб” дар ҷодаи сарояндагӣ дар YouTube гуфта мешавад.

Сар аз моҳи сентябри соли 2019 репсарои машҳури тоҷик Барон, Абдурозиқро барои ҳамкорӣ бо гурӯҳи худ ба Душанбе даъват кард ва барои ин розигии волидони ин овозхони наврасро гирифт. Аз он замон масъулияти сапт ва нашри сурудҳои Абдурозиқро, гурӯҳи Барон ба уҳда гирифтааст.

Мавзӯъҳои асосӣ