19:07 24 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
263 0 0

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки то 9-уми январи соли равон бориши зиёди барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ дар назар аст

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik.  То 9-уми январи соли равон дар қаламрави ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон, Суғд туман, бориши барф ва яхбандӣ дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст, иттилоъ додааст Кумитаи ҳулатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар истинод ба Ожонсии ҳавошиносии Тоҷикистон. 

Бино бар иттилои манбаъ, дар доманакӯҳҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор хатари лағзиши тарма боқӣ мемонад.

“Яке аз хатарҳои басо ҷиддӣ барои ронандагон ин бо туман пӯшида шудани роҳҳост. Ин зуҳуроти табиӣ бинишро нисбатан маҳдуд мекунад ва боиси он мешавад, ки дар чунин роҳҳо мошинҳо бештар ба ҳам бархӯранд, шумори садамаҳои нақлиётӣ афзояд”, - зикр намудааст манбаъ.

Ҳамин тавр Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Тоҷикистон ба ронандагон тавсия додааст, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо хеле эҳтиёткор бошанд.

“Бояд дар ёд дошт, ки гарави аслии ҳаракат дар роҳҳое, ки бо туман пӯшида шудаанд, коҳиш додани суръати ҳаракати мошин мебошад”, - қайд намудааст манбаъ. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ёдрас шудааст, ки дар кулли қаламрави кишвар телефони хадамоти наҷот – 112 шабонарӯз ройгон фаъол аст. 

Барчаспҳо:
ҳушдор, Тоҷикистон, ҷумҳурӣ, роҳ, яхбандӣ, барф, бориши барф, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ