18:57 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
22810

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки Сарвар Бахтӣ намояндаи ҷумҳурӣ дар Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба унвони раиси нави муассисаи фарҳангии ин созмон интихоб гардидааст

ДУШАНБЕ, 7 янв - Sputnik. Бино бар иттилои манбаъ, Сарвар Бахтӣ намояндаи Тоҷикистон раёсати муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодиро бар уҳда гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон.

Маросими муаррифии раиси нави муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон бо ҳузури Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин маросим бар аҳамияти нақши муассисаи фарҳангии ЭКО дар тавсеаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои узви ин созмон таъкид кард.

Дабири кулли ЭКО, муовини Вазорати умури хориҷаи Эрон ва дигар мақомоти кишварҳои узв дар суханоне  раиси нави муассисаи фарҳангии ЭКО-ро ба муносибати интихобшудан ба ин симат табрик гуфтанд.

Сарвар Бахтӣ низ ба навбаи худ зимни суханоне таъкид кард, таи давраи сесолаи раёсати Тоҷикистон дар муассисаи фарҳангии ЭКО вай тамоми талошро барои тавсеа ва беҳбуди фаолияти ин созмон ба харҷ хоҳад дод.

Вай аз ҷумла ба бархе барномаҳо ва тарҳҳое, ки интизор меравад иҷрои онон ба тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои узв кумак мекунад ишора кард.

Барчаспҳо:
намоянда, фарҳанг, иқтисод, созмон, иқтисодӣ, вазорати умури хориҷа, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ