Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© © Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова МарияДень 8 января
День 8 января - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи ҳаштуми январ дар Ҷазираҳои шимолии Мариана – Рӯзи Иттиҳод ва дар Арманистон Рӯзи донор ҷашн гирифта мешавад

Рӯзи 8 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1912 Конгресси миллии Африқо таъсис дода шуд.

Соли 1961 франсузҳо дар раъйпурсӣ барои таъмини истиқлолияти Алҷазоир овоз доданд.

Соли 2010 дар пойтахти Салвадор қариб баъди ним асри танаффус Сафорати Куба ифтитоҳ карда шуд.

Соли 1861 дар Империяи Россия аввалин шумораи рӯзномаи "Вокруг света" нашр шуд.

Рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2015 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварда, дар ҳашари умумии ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи хиёнаткоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Шарли Эбдо", ки 12 нафар  ба ҳалокат расиданд,  ба Президенти вақти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли 2016 муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муҳокима гардиданд.

Соли 2018 Лигаи футболи  Тоҷикистон сомонаи расмии интернетии  худро бо суроғаи www.tfl.tj  ва www.flt.tj ифтитоҳ намуд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 январ 

  • Дар Ҷазираҳои шимолии Мариана – Рӯзи Иттиҳод.
  • Дар Арманистон -Рӯзи донор.

Рӯзи 8 январ кӣ ба дунё омадааст

Соли 1915 – Ҳунарманди театр ва кино, артисти халқии ИҶШС Асли Бурҳонов.

Лентаи хабарҳо
0