11:16 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
934 0 0

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба суқути ҳавопаймо дар Эрон ва мараги наздик ба 180 нафар мусофир ба руасоиҷумҳури Украина ва Эрон барқияи таслият равон кард

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти расиҷумҳури Тоҷикистон, дар барқияи таслият ба Президенти Украина Владимир Зеленский, раисҷумҳури кишвар таъкид кардааст, ки ӯ аз талафоти зиёди ҷонӣ сахт андуҳгин шудааст.

“Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд. Дар ин рӯзҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии самимӣ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти амиқи хешро иброз медорам”, -таъкид доштааст Эмомалӣ Раҳмон.

Инчунин раисҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи дигараш ба Ҳасани Руҳонӣ, Президенти Эрон аз талафоти шаҳрвандони ин кишвар дар суқути ҳавопаймо ҳамдардии амиқ баён намуда, ҳамдардии худро ба давлат ва миллати ин кишвар иброз доштааст.

Аз ҷумла дар барқияи таслияти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Эрон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ омадааст:

“Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд”.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Ҳасани Руҳонӣ ҳамдардии амиқ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти самимии хешро иброз медора

Барчаспҳо:
таслият, барқия, андӯҳ, суқути ҳавопаймо, Украина, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ