Супориши Азим Иброҳим ба масъулини Ҳисор барои иҷрои дастурҳои Президент

© Foto / Хадамоти матбуоти ҳукумати ҚирғизистонЗаместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото
Заместитель премьер-министра Таджикистана Азим Иброхим, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Азим Иброҳим барои амалӣ гардонидани  нақшаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни шаҳри Ҳисор дар соли 2020, ислоҳи камбудиҳо, татбиқи олитарин оромонҳои давлатдорӣ ва дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 41,3 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуда, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давр дар ҳаҷми 55,4 миллион сомонӣ иҷро гардид.

Ин нукта зимни маҷлиси ҷамъбастӣ бо ширкати муовини сарвазир Азим Иброҳим, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо  оид ба натиҷагирии соли гузашта дар шаҳри Ҳисор  доир  шуд,  баён гардидааст, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Спортзал в лицее №3 в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Маҷлис дар ҳукумат: Азим Иброҳим, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро баррасӣ мекунад

Зикр шудааст, ки  соли сипаригардида нақшаи даромади буҷети давлатӣ бе назардошти андози иҷтимоӣ 101,6 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 178,7 миллион сомонӣ ворид шуд, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 2,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра  ба буҷети маҳаллии шаҳр 128,5 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 407,4 ҳазор  сомонӣ зиёд аст.

Соли 2019 ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 48 миллион сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Маблағгузории музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ сари вақт таъмин шуда, қарзи музди меҳнат дар даври ҳисоботӣ вуҷуд надорад.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ таъкид  шудааст, ки бо фароҳам овардани муҳити мусоиди инвеститсионӣ ба иқтисодиёти шаҳр  соли гузашта  142,7 миллион сомонӣ сармоягузории дохилию хориҷӣ ҷалб гардида, дар маҷмӯъ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 суръати афзоиш 165,1 фоизро ташкил дод, ки  ба соҳаҳои иқтисодиёти шаҳр  равона карда шуд. Дар натиҷа рушди босуръати соҳа таъмин шуда, саҳми он дар ташаккули маҷмӯи маҳсулот  тадриҷан зиёд гардида истодааст. Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот соли гузашта ба 240,5 миллион сомонӣ расонида, ҳиссаи истеҳсолоти саноатӣ дар сохтори маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 9,0 фоизро ташкил додааст.

Гуфта шудааст, ки соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо  зиёда аз 17 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд. Дар шаҳр бунёду навсозӣ ва таъмиру тармими беш аз 767 иншоот пешбинӣ гардида, 204 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони Ҳисор барои рушди соҳа тадбирҳои судманд андешида, дар натиҷа дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 675 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардида, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин даври соли гузашта  беш аз 106 фоиз таъмин гардидааст.

Дар анҷоми маҷлис Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Ҳисор  барои амалӣ гардонидани  нақшаҳои фаъолияти соҳаҳои гуногуни шаҳр дар соли 2020, ислоҳи камбудиҳо, татбиқи олитарин оромонҳои давлатдорӣ ва дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштаанд.

Лентаи хабарҳо
0