“Ваҷаб ба ваҷаб”: сиёсати пинҳони Қирғизистон дар марзҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон?

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкПограничный столб. Таджикско-афганская граница.
Пограничный столб. Таджикско-афганская граница. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Манобеъи Sputnik дар Тоҷикистон аз “ваҷаб ба ваҷаб” ё “қадам ба қадам”, як сиёсати, ба қавли онҳо, пинҳон ва тарроҳишудаи Қирғизистон сӯҳбат мекунанд

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Як манбаъи расмии ҳозир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон мегӯяд, ҳадафи ин сиёсат қадам ба қадам ҷилав рафтан дар заминҳои баҳсии ин кишвар бо ҳамсояҳо аз роҳи андохтани тавтиаҳо миёни марзбонон ва мардуми марзнишин аст.

В районе села Кок-Таш Баткенского района. Август 2015 года  - Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон фавран сокинони як деҳаи ҳаммарз бо Тоҷикистонро кӯчонид

“Мо иттилоъ дарёфт кардем, ки рӯзи гузашта марзбонон ва милисаҳои қирғиз ба деҳаи Кӯктоши ноҳияи Бодканд омада, мардумро огоҳ кардаанд, ки аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор хоҳанд гирифт. Ҳатто мардуми маҳаллаи Дахмаи Кӯктошро тарс дода, маҷбур ба тарки манзилҳояшон кардаанд. Дар пайи ин шаби 9 ба 10 январ худ ба тирандозӣ ба марзи Тоҷикистон даст заданд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Вай гуфт, иттифоқоте, ки тайи даҳ рӯзи гузашта дар марзҳои Қирғизистон бо Тоҷикистону Ӯзбекистон меафтанд, тасодуфӣ нестанд, балки ҳалқаҳои як занҷир буда, ҳадафмандона тарроҳӣ ва иҷро мешаванд.

Даҳаи аввали соли нави 2020 дар марзҳои Қирғизистон бо ҳамсояҳояш чанд ҳодиса рух дод, ки аз нигоҳи ҳамсӯҳбати Sputnik, ба ин сиёсати пинҳони Бишкек равшанӣ меандозанд.

“Дар ҳамаи ин ҳаводис қирғизҳои марзнишин кӯшидаанд, ба қаламравҳои баҳсӣ ворид шуда, зӯран онҳоро аз худ кунанд”, - гуфт ӯ.

6 январ соати 13.30 дар маҳаллаи Оққурчаи ноҳияи Попи вилояти Намангони Ӯзбекистон миёни марзбонони ӯзбек ва қирғизҳо ҷанги лафзӣ ба миён омад, ки ба дастбагиребонӣ кашида шуд. Марзбонони ӯзбек ба хотири бузург нашудани низоъ ба ҳаво тир андохтанд.

Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти КДАМ дар бораи тирпарронии шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Маркази матбуотии нерӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон дар як иттилоия қирғизҳоро марзшикан унвон кард, ки 500 сар моли хурди шохдорро ба 1,5 км марзи он кишвар дароварда, бонӣ мекарданд.

“То омадани марзбонони ӯзбек ба маҳалли убури ғайриқонунии марз чӯпонҳои қирғиз қисмати бузурги рамаи худро ба деҳаи Араб Алаи ноҳияи Букаи вилояти Ҷалолободи Қирғизистон интиқол доданд, аммо бақияи рама дар маҳалли мазкур боқӣ монда буд”, - омадааст дар иттилоияи Нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон.

Ин қазия бо подармиёнии мақомоти марзбонии Қирғизистону Ӯзбекистон фурӯкаш шуд. Тайи як шабонарӯз дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чанд ҳодиса иттифоқ афтод, ки дигарбора оромиро аз марзнишинон гирифт. Аммо изҳороти расмӣ аз ин ҳаводис бинишҳои мутафовити ҷонибҳоро бозгӯӣ мекунанд.

Нахуст Хадамоти марзбонии Қирғизистон ба шарҳи ин ҳаводис пардохт, ки бино ба он, шаби 9 ба 10 январ соати 00. 40 дақиқа дар маҳаллаи Ҷака Оруқи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканд афроди номаълум сабукрави шаҳрванди Қирғизистонро, ки озими Бодканд буд, сангборон карда, дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

“Аз сангандозӣ шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар дохили сабукрав будаанд, захмӣ шуда, шишаҳои пешу қафои он шикаста шудааст”, - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, ки тақрибан як соат пас шаҳрвандони Тоҷикистон дар маҳаллаи Қочо Қарин сабукрави дигареро, ки аз Бодканд озими Кӯктош буд, сангборон карда, шишаи пеши онро шикастаанд.

Пограничник на смотровой вышке. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Изҳороти КДАМ дар бораи тирпарронии шабона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

"Тақрибан соати 2. 40 дақиқаи шаб шаҳрвандони Тоҷикистон манзили шаҳрванди Қирғизистон дар маҳаллаи Дахмаро сангборон кардаанд. Марзбононе, ки бо иттифоқи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба манзили шаҳрванди Қирғизистон мерафтанд, ки аз сӯи Тоҷикистон бо туфанги шикорӣ мавриди тирандозӣ қарор гирифтаанд. Тирандозӣ ғайримуназзам идома дорад, тир фақат аз ҷониби Тоҷикистон андохт мешавад", - гуфтааст Нерӯҳои марзбонии Қирғизистон ва ҷониби Тоҷикистонро ба “иғвову тавтиа” дар марзи ду кишвар муттаҳам кардааст.

Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) субҳи имрӯз, 10 ноябр, бо пахши як иттилоия дар шарҳи ин ҳаводис гуфтааст, ки шоми 9 январ як гурӯҳи калони сокинони маҳаллаи Кӯктоши ҷамоати Оқсойи ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон бо силоҳи шикорӣ мусаллаҳ шуда, дар назди манзили шахсе ба номи Султонбек Абдуллоев ва бинои милисаи минтақавии Кӯктош ҷамъ омада, монеъи рафтуомади сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара шудаанд.

Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон
Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: сокинон ҳамдигарро сангборон намуданд

"Тахминан соати 21.30 дақиқа онҳо автомошинаи сабукрави тамғаи “Мерседес бенс”-ро, ки ба сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Аъзамов Зафар тааллуқ дорад, сангборон карда, оинаи онро шикастанд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

Бино ба ин манбаъ, дар посух ба ин “амали иғвогарона”, тахминан соати 00.10 дақиқа сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло воситаи нақлиёти қирғизҳоро сангборон кардаанд ва кормандони милисаи шаҳри Исфара ва ноҳияи Бодканд сари вақт ба маҳалли ҳодиса расида, вазъро таҳти назорат гирифтанд.

Идомаи ҳаводис дар иттилоияи КДАМ ба ин шарҳ аст, ки тақрибан соати 02.00 – и шаби 10-уми январи соли 2020, сокинони маҳаллаи Кӯктоши ҷамоати Оқсой бо истифода аз силоҳи ҷангӣ ва шикорӣ ба ҳаво тир холӣ карданд ва ин “иғвогарӣ” низ бо дахолати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонони ду ҷониб ҷилавгирӣ шуд.

"Бо вуҷуди ин, тахминан соати 04, аз самти Қирғизистон бо истифода аз камони шикорӣ ба ҷониби автомошинаи шахсии корманди ШВКД-2 шаҳри Исфара Икромзода Фарҳод тир холӣ карда шуд. Хушбахтона, тир ба дари автомошина бархӯрда, ба худи ронанда зарари ҷисмонӣ нарасидааст", - омадааст дар иттилоияи КДАМ.

Дар ҳоле, ки мақомоти амниятии ду кишвар ду тасвири мутафовитро аз ҳодисаи як шабонарӯзи ахир дар ихтиёри расонаҳо ва ҷомиа қарор медиҳанд, ташаннуҷи авзоъ аз нигоҳи ҳамсӯҳбати Sputnik, ки нозири вазъ дар минтақа аст, қасдан ва огоҳона эҷод мешавад.

 “Мо борҳо бо мақомоти олии Қирғизистон ин мавзӯъро матраҳ кардем. Бо мақомоти ноҳияву вилояти Бодканд низ. Онҳо бо мо ҳамфикр ҳастанд. Аммо чун кор ба маҳалҳои наздимарзӣ мерасад, он чӣ сурат мегирад, ки ба хости на мо ва на онҳост.

Тоҷикистон тамоми туфангҳои шикориро аз мардуми марзнишини Исфара гирифтааст. Танҳо силоҳе, ки ҳаст, дар дасти нерӯҳои амниятӣ аст. Аммо қирғизҳо ё зӯри гирифтани ин силоҳҳо аз мардумро надоранд, ё қасдан ин корро намекунанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати Sputnik.

Подпись документа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Санади ниҳоӣ имзо шуд: мақомоти Узбакистону Қирғизистон масъалаи марзиро ҳал карданд

Нерӯҳои марзбонии КДАМ – и Тоҷикистон вазъи кунунии марзи Тоҷикистону Қирғизистонро мӯътадил арзёбӣ мекунад ва мегӯяд, гурӯҳҳои тафтишотии муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои муайян кардани сабабу омилҳои қазия ва шахсияти гунаҳкорон кор мекунанд. Аммо он чӣ КДАМ дар ин изҳорот мояи нигаронӣ хондааст, афзоиши тамоюли истифодаи камони шикорӣ аз сӯӣ “шаҳрвандони алоҳидаи Қирғизистон” аст, ки “ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандони Тоҷикистон хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд”.

Аз ҷумла сокини деҳаи Сомониён Тайиба Сафарова мисол оварда мешавад, ки 29-уми декабри соли 2019 ҳадафи тири камони шикорӣ қарор гирифта буд. Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро кушта ва зиёда аз 60 нафарро захмӣ ба ҷой гузоштааст.

КДАМ – и Тоҷикистон ҳоло изҳор медорад, ки дар сурати такрор шудани ҳолатҳои мазкур тамоми масъулият ба дӯши мақомоти дахлдори кишвари ҳамсоя хоҳад буд.

Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ду фарзияи комилан мутафовит: вазири қирғиз ба Муҳриддин занг зад ва сафирро наздаш хонд

Ҷониби Қирғизистон роҷеъ ба фарзияи мазкур хабар додааст, ки рӯзи 10 январ, тақрибан соати  00:40 дақиқа дар қисми дидбонгоҳи сарҳадии Орто – Боз, дар минтақаи Ҷака – Оруқ шаҳрвандони Тоҷикистон мошини қирғизҳоро сангборон намуданд ва сипас ба самти Тоҷикистон пинҳон шуданд. Зикр мегардад, ки мошин аз деҳаи Самарқандек самти Бодканд ҳаракат мекард.

Соати 01:00 дақиқа дар қисми постгоҳи маҳаллаи Коктош як мошини дигар аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон сангборон шуд. Нафарони номаълум ҳам самти Тоҷикистон фирор ва паноҳ бурданд.

Гузашта аз ин, манбаъ меафзояд, ки соати 02:40 дақиқа дар минтақаи Даҳма аз нуқтаи аҳолинишини Тоҷикистон самти қирғизҳо тирпарронӣ сурат гирифт, ки дар натиҷа қирғизҳо занону кӯдаконро аз ин минтақа ба ҷойи дигар кӯч доданд.

Гуфта мешавад, дар робита ба ноамнӣ дар марзи ин ду кишвар, Вазири умури хориҷии Қирғизистон Чингиз Айдарбеков ба Вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин занг зада, пиромуни ҳодисаи ахир сӯҳбат намуданд.

Лентаи хабарҳо
0