Ҷамъоварии қариб ним миллион тонна мева дар Тоҷикистон

© PixabayГроздь винограда на солнце
Гроздь винограда на солнце - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додаст, ки тайи соли 2019 дар кишвар 459 ҳазору 200 тонна мева бардошта шудаст

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Миқдори меваи бардошташуда дар соли 2019 дар муқоиса бо соли 2018 беш аз 5 дарсад афзоиш ёфтааст, навиштааст хабаргузории ТоҷикТА.

Мулоқоти Аҳмадзода бо соҳибкорони рус - Sputnik Тоҷикистон
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо соҳибкорони Русия

Манбаъ аз қавли Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, тавзеҳ додааст, ки ҳаҷми тавлиди мева соли гузашта 5,7 дарсад рушд кард.

БОҶ барои кӯдакони ВМКБ ғизои солим омода мекунад

Ба иттилои Вазорат, соли 2019 ангурпарварони кишвар низ ҳосили хуб бардошта, дар ин муддат дар сартосари Тоҷикистон беш аз 239,7 ҳазор тонна ангур бардошта шуд.

Гузориш дар бораи афзоиши тавлиди мева дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тоҷирони тоҷик талош доранд, меваю сабзавоти кишварро ба бозорҳои хориҷ бароранд.

Лентаи хабарҳо
0