06:36 30 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
226 0 0

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор сокинони кишварро ҳушдор додааст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ обуҳаво якуякбора ноустувор шуда, дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот бошиддат ба амал меояд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, Имрӯз обуҳавои  шаҳри Душанбе  ҳаво абрнок шуда боридани барф дар назар аст. Туман мефарояд. Ҳаво шабона ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо барф бошиддат борида, туман мефарояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва  рӯзона 1-6 хунук мешавад.

Ҳамин гуна обуҳаво, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба назар мерасад. Дар итн минтақа ҳаво абрнок шуда, барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят барфи бошиддат дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона  аз 4-9 ва рӯзона 1-6  дараҷа хунук  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона  аз 12-17 то 20-25  ва рӯзона аз 3-8 то 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд абрнок шуда, барф меборад.  Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона ва   рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок дар назар буда, борон ва барф меборад. Дар  баъзе ноҳияҳо боришот шиддат гирифта, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Барчаспҳо:
ноустувор, борон, барф, ҳушдор, обу ҳаво, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ