Наваду чор соли пурбаракат: вопасин иштирокдори ҶБВ аз Хуҷанд даргузашт

© © пресс-секретарь мэрии ХуджандаРабига Малинина - последний ветеран ВОВ в городе Худжанд
Рабига Малинина - последний ветеран ВОВ в городе Худжанд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар солҳои ҶБВ аз шаҳри Хуҷанд 12 000 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 1540 нафарашон беному нишон гаштаанд. 2 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва ду нафар дорандагони ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" аз шаҳри Хуҷанд мебошанд

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк. Охирон иштирокчии ҶБВ аз шаҳри Хуҷанд Рабига Малинина дар синни 94 солагӣ моро тарк намуд, гузориш медиҳад сухангӯи раиси шаҳри Хуҷанд Маъмур Юсуфов дар Фейсбук.

Қориҷон Аҳмадов, собиқадори ҷангу меҳнат аз шаҳри Хуҷанд, дар синни 98-солагӣ дунёро падруд гуфт - Sputnik Тоҷикистон
Даргузашти охирин “марди ҷанг” – и Хуҷанд: аз шаҳр 12 ҳазор ба ҶБВ рафта буданд

Бино бар иттилои манбаъ, сокини маҳаллаи "Дӯстии халқҳо"-и шаҳр, охирон иштирокчии ҶБВ аз шаҳри Хуҷанд, собиқадори ҷангу меҳнат Рабига Малинина 94 сол дошт.

"Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба аҳли пайвандони марҳум Рабига Малинина арзи тасаллияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро расонд", - қайд мекунад Юсуфов.

Рабига Малинина 3 январи 1926 дар шаҳри Новосибирск таваллуд шуда, дар синни 16 солагӣ, яъне соли 1942 бо хоҳиши худ ба майдони ҷанг меравад. Аввал ҳамчун ёрдамчии ронандаи фронти якуми Украина хизматро оғоз намуда, сипас ба сифати ҳамшираи шафқат дар табобатгоҳи ҳарбӣ хизмати Модар Ватанро идома мебахшад. Дар солои ҷанг хизматҳояш дар ҶБВ бо ордени ҶБВ дараҷаи дуюм сарфароз гардонида мешавад.

Баъди ҷанг бо ҳамроҳи шавҳараш ба шаҳри Хуҷанд меояд. Нахуст ба комбинати абрешими шаҳр ба сифати анборчӣ кор мекунад. Сипас ба яке аз қисмҳои ҳарбии шаҳри Хуҷанд ба кор дохил шуда, то нафақа дар ин қисми низомӣ кор мекунад.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Рабига Малинина то дами вопасини умр борҳо мавриди аёдати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта буд. Дар остонаи Соли нави мелодии 2020 Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода мавсуфро аёдат ва бо соли нави тақвими табрику таҳният намуда буд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар солҳои ҶБВ аз шаҳри Хуҷанд 12 000 ҳазор нафар иштирок намуда, аз онҳо 1540 нафарашон беному нишон гаштаанд.

2 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва ду нафар дорандагони ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" аз шаҳри Хуҷанд мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0